Ӯзбекистон

Маҳбубтарин шаҳрҳои сайёҳон дар соли 2019

Созмони Euromonitor International феҳристи маҳбубтарин шаҳрҳои сайёҳон – “Top 100 City Destinations 2019″-ро мунташир кард.Дар ин бора хабаргузории Блумберг хабар дод.Феҳристи “Top 100 City Destinations 2019″ бар асоси ташрифи сайёҳон ба шаҳрҳои ҷаҳон аз оғози сол то ба ҳол таҳия шуд.Ҳонгконг имсол низ мақоми маҳбубтарин шаҳри сайёҳонро дар худ ҳифз кард. Бангкок, Макао, ва Сингапур паллаҳои аз дувум то чаҳорумро дарёфт карданд.Лондон, пойтахти Британияи Кабир панҷумин шаҳри маҳбубтарини сайёҳон шуд.Лондон соле пештар дар паллаи савум ҷойгир буд, вале ҷараёни Brexit ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо дарёфти визаро мушкилтар кардааст.Коршиносон дар оянда коҳиш ёфтани ташрифи сайёҳон ба шаҳрҳои Барселона, Милан ва Венаро низ пешбинӣ мекунанд. Дар зимн, бар назари онҳо шумори сайёҳон ба шаҳрҳои Хорватия, Словения ва Шветсия минбаъд афзоиш хоҳад ёфт.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ