Ҷаҳон

Тоҷикистон муваққатан ба Ӯзбекистон барқрасониро қатъ кард

Тоҷикистон то моҳи апрели соли 2020 содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистонро қатъ кард. Дар ин бора расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба нақл аз манбаъҳои худ дар ҳукумати ин кишвар хабар доданд.Таваққуфи барқрасонии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бар асоси тавофуқи ду кишвар – бо оғози мавсими зимистон амалӣ шуд.Ӯзбекистон аз моҳи апрел то моҳи сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 1,5 миллиард киловатт соъат нерӯи барқ ворид кард. Аз моҳи сентябр то поёни моҳи ноябр Тоҷикистон содироти барқро ба Ӯзбекистон тадриҷан коҳиш дод то ниёзи дохилии худро таъмин кунад. Аз моҳи апрели соли 2020 Ӯзбекистон дубора воридоти барқи Тоҷикистонро идома медиҳад.Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба Афғонистон низ содироти барқро аз 10 миллион кВт/соъат дар як шаборӯз то 750-800 ҳазор кВ/соъат коҳиш додааст.манбаъ: Регнум
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ