Ҷаҳон

Ҳукумати Албания дар бораи пайомадҳои заминларзаи маргбор маълумот дод

Ҳукумати Албания эълон кард, ки дар натиҷаи заминларзаи маргбори рӯзи 26 ноябр 51 нафар ҷон бохтанд ва 5,5 ҳазор манзили истиқоматӣ комилан вайрон шуд.Эди Рама, нахуствазири Албани гуфт, ки дар оғози ҳафта амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ поён ёфт.Гуфта мешавад, ки дар асари заминларза шаҳрҳои Дуррес, Тирана ва Лежа бештар аз дигар минтақаҳои кишвар осеб дидааст. Дар тирана 1,3 ҳазор, дар Дуррес 3,6 ҳазор манзили истиқоматии мардум ба хароба табдил ёфтааст.Дар шаҳрҳои гуногун 28-то мактаб вайрон шудааст.Заминларза дар пойтахти Албания низ ба биноҳои бешумор осеби гуногундараҷа расондаанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ