Ҷаҳон

БАБР барои истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ ба Ӯзбекистон 8,55 миллион евро ихтисос дод

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) барои истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ ба Ӯзбекистон баробари 8,55 миллион евро маблағ бо асъори миллӣ ихтисос дод.Дар ин бора намояндагии БАБР дар Ӯзбекистон хабар дод.Дар ин хабар чунин гуфта мешавад, “Дар натиҷаи ба кор андохта шудани корхонаҳои нави истеҳсолии тиббӣ дар Ӯзбекистон бо пуштибонии БАБР, беморон дар муассисаҳои тиббии кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказӣ ба стандарти беҳтари парасторӣ ва гигиена дастрастӣ хоҳанд дошт.БАБР то ба ҳозир барои 73 лоиҳаи иқтисоди Ӯзбекистон дар кулл 1,6 миллиард евро ихтисос додааст.Ёдовар мешавем, ки БАБР фаъолияти худро дар Ӯзбекистон соли 2007 қатъ карда буд ва соли 2017 дубора фаъолияти худро оғоз кард.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ