Тадқиқот: Диабети қандро бо садо муайян кардан мумкин аст

Олимони Канада барномаеро таҳия карданд, ки диабети қандро тавассути овоз муайян мекунад.

Тамоюли кори механизм оддӣ аст. Одам дар фосилаҳои муайян як ибораро такрор карда, овози худро сабт мекунад. Пас аз он, параметрҳои физиологии инфиродӣ дар аудио тавассути зеҳни сунъӣ таҳлил карда мешаванд.

Барои ин тадқиқот мувофиқи нишондодҳои Ассотсиатсияи диабети Америка ҳамагӣ 267 нафар — 79 нафар зан ва 113 нафар марди солим ва 18 нафар зан ва 57 нафар марди гирифторони диабети қанд ҷалб карда шуданд.

Иштирокчиён дар давоми 2 ҳафта як ибораи муайянро 6 маротиба дар як рӯз талаффуз карда, дар смартфони худ сабт карданд. Дар натиҷа, 18 ҳазору 465 сабти аудиоӣ пайдо шуд.

Тадқиқотчиёне, ки қобилияти зеҳни сунъиро дар ин замина арзёбӣ карданд, муайян карданд, ки параметрҳои овози одамони солим ва бемор аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд.

Маълум шуд, ки дар ин ҷараён14 хусусияти акустикӣ нишон медиҳад, ки бемор гирифтори диабети қанд аст.

Коршиносон таъкид карданд, ки дурустии барномаи нав дар ташхиси ин беморӣ дар мардон 89 фоиз ва дар занон 86 фоизро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ