Ӯзбекистон

Раиси шаҳри Душанбе аз ҷойҳои таърихии Самарқанд дидан кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи ташрифи худ ба Ӯзбекистон ба шаҳри Самарқанд омад. Меҳмонро дар Аэропорти байналхалқии Самарқанд ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов пешвоз гирифт. Нахуст маҷмӯа-мақбараи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат карда, ба руҳи гузаштагон тиловати Қуръон карданд.

Сипас, Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухориро зиёрат карданд. Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти музейи марказ шинос шуд ва таъкид кард, ки Имом Бухорӣ аз худ мероси баҳоят арзишманд ва бузург гузоштааст. Ин алломаи бузург на танҳо дар байни халқҳои тоҷику ӯзбек, балки дар миёни тамоми халқҳои Исломӣ эҳтироми бузург дорад.

Таҳияи Шукрона

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ