Ӯзбекистон

Кӣ шудан мехоҳӣ?

Ҳар як инсон ҳангоми бачагӣ дар дил орзуҳои зиёд мепарварад. Яке мехоҳад муаллим шавад, дигаре шифокор, сеюмӣ ронанда ва боз нафаре адвокат… Бачагон ҳар қадар солортар шаванд, қобилияти зеҳнии онҳо инкишоф ёфта, ҷаҳонбинияшон тағйир меёбад ва масъулият, заҳмат, машаққати касбҳоро бештар дарк мекунанд. Киро орзуи айёми бачагӣ иҷобат мешавад, киро дастнорас. Аммо орзуи аввалин то абад дар синаи онҳо нақш мебандад… Дар тадбири фарҳангие, ки дар мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд дар ҳошияи моҳонаи фаннии таълими ибтидоӣ таҳти унвони “Кӣ шудан мехоҳӣ?” барпо гардид, хонандагони синфи IV «Б» дар бораи орзуҳои худ ҳарф заданд.
Донишомӯзон, ки бо сарварии роҳбари синф М.Раҳмонова тайёрӣ дида буданд, дар бораи касбу ҳунарҳои гуногун шеърҳо қироат карда, саҳначаи бадеӣ гузоштанд. Дар образи соҳибони пешаҳо намоён шуда, аз ҳаёти онҳо ҳарф заданд. Инчунин, дар бораи аҳамияти ҳунаромӯзӣ дар ҳаёти инсон зарбулмасалу мақолҳо гуфта, бо рақсҳои зебои худ дили иштирокдоронро шод намуданд.
  • Ҳунар давлати поянда аст ва шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ мӯҳтоҷ намешавад, – гуфт ҷонишини директор доир ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ Г.Ҷавдатова. – Наврасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор касби гуногун мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозорӣ, талаботи бозори кор ва пешравии ҷомеа теъдоди касбҳо низ зиёд мешавад. Саволе ба миён меояд, ки оё интихоби касб дар байни ҷавонон аз рўйи хоҳиш ва қобилияти онҳо ба роҳ монда шудааст? Дар оянда кӣ шуданашонро худашон интихоб карда метавонанд? Дар ин роҳ хизмати омӯзгорон калон аст. Маҳз муаллим метавонад майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандаро ба инобат гирифта, дар қалби ў нисбат ба касби дўстдоштааш, орзуи дилаш меҳру муҳаббатро бедор кунад. Мақсад аз ташкили ин тадбир низ маҳз пурзӯрсозии меҳри хурдсолон ба касбҳои гуногун мебошад. Фаридуни ФАРҲОДЗОД
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ