Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо шоираи маҳбуби бачагон

Сарвари давлатамон бинобар аз рӯи низоми нав ташкил кардани корҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ панҷ ташаббуси муҳимро пеш гузоштанд, ки ташаббуси чорум ба баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғиб намудани китобхонӣ нигаронида шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои ин ташаббуси муҳим дар мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд рӯнамоии китоби “Одоб ҳусни инсон аст”-и шоираи маҳбуби бачаҳо, суханвари гавҳаршинос, хоксору фурӯтан, навҷӯву навпардоз, дилёбу ҳозирҷавоб Маҳбуба Неъматзода барпо гардид.

Кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд”, омӯзгорони мактаб, хонандагон ва волидони онҳо иштирокдорони тадбир буданд.Нахуст донишомӯзони синфи II “А” бо сарварии роҳбари синф Дилшода Ҳамроҳқулова аз китоби тозанашри “Одоб ҳусни инсон аст”-и шоира намунаҳо қироат карданд. Чистонҳо гуфтанд ва ба иштирокдороне, ки ҷавоби онҳоро ёфтанд, тӯҳфаҳо супурданд. Сурудҳои дилкаш, рақсҳои ҷолиб ва саҳначаҳои таҳсилгирандагон тадбирро шукӯҳи идона бахшид. Тезгӯякбозии хонандагонро меҳмонон бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.

Шоираи бачагон М.Неъматзода, омӯзгори собиқадор У.Ҷавдатов, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Б.Раҳмонов, директори мактаб Н.Салоҳиддинова дар бораи аҳамияти китобхонӣ дар ҳаёти инсон, чорабиниҳое, ки бо мақсади пурзӯр гардондани эътибор ба ҷавонон, васеъ ҷалб намудани онҳо ба рушди маънавӣ, санъат ва варзиш, ташаккул додани малакаи истифода бурдан аз технологияҳои иттилоотӣ, тарғиби китобхонӣ байни авлоди ҷавон амалӣ мегарданд, сухан карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ