Тамоку — душмани умри дароз

Саломатӣ


Саломатӣ — воҳиди ягонаи ҳолатҳои биологӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонии организм мебошад. Аз тадқиқотҳои илми тиб бармеояд, ки агар саломатии одам 100 фоиз қабул карда шавад, аз ин 50 фоизаш ба тарзи зиндагӣ, 20 фоиз ба муҳити зист, 20 фоизи дигар ба хусусиятҳои ирсии шахс ва 10 фоизи боқимонда ба ёрии тиббӣ вобастагӣ дорад. Яъне, мафҳуми саломатӣ ин тани солим буда, нигаҳдории он пеш аз ҳама ба худи инсон вобаста аст.
Имрӯзҳо масъалаи тамокукашӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳоло барои пешгирии ин одати номатлуб кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳои зиёд пешгирикунандаро ба амал татбиқ мекунанд. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки дар таркиби дуди сигор қариб 1200 ва дар худи сигор тақрибан 4000 намуди моддаҳои кимиёвии хатарнок вуҷуд дорад. Дар як миқдори тамоку моддаҳои заҳрноки химиявӣ, ба мисли бензатратсин, изотопи радиоактивии калий, марги муш ва як қатор карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи асосии зудтаъсиру заҳрноки тамоку никотин аст ва ин моддаи равғанмонанд, аз баргҳои гиёҳи тамоку пайдо мешавад. Дар баргҳои тамоку миқдори никотин аз 1 то 1,5 фоиз ва дар баъзе навъҳояш то ба 6–8 фоиз мерасад. Дар сигоре, ки вазнаш 1 грамм аст, аз 10 то 15 милиграмм никотин мавҷуд аст. Моддаи заҳровари никотин бештар ба узвҳои асаб, ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, ҷигар таъсири манфӣ мерасонад. Никотин ҷаббиши ғизоро дар рӯдаҳо суст мекунад, яъне он ғизое, ки тамокукаш истеъмол менамояд, ба туфайли дуди сигор ҷурми сигарет ҳазм намешавад. Никотин аз ҷиҳати заҳрнокӣ ба кислотаи синилӣ баробар аст. Ҳамчунин, аз таъсири дуди тамоку сири дандон, пардаҳои луобии ҳалқ, найчаҳои шуш, шохаҳои хурдтарини онҳо — бронхҳо ва ҳубобчаҳои шуш осеб дида, фишори хун баланд, рагҳои майда танг ва нафаскашӣ тез мешавад.
Аз ин рӯ, мо бо мақсади фаҳмонидани оқибатҳои бади сигоркашӣ бо аҳолӣ мунтазам вохӯриву мулоқотҳо ташкил мекунем. Аз ҷумла, чанде пеш дар маҳаллаи Талибарзуи поён ва мактаби таълими умумии рақами 17‑и ноҳияи Самарқанд дар мавзӯи «Аҳамияти муҳити зисту тамокукашӣ дар рушди бемориҳои музмини обструктивии шуш ва чораву тадбирҳои профилактикии он» вохӯрӣ гузаронидем. Агар аҳолӣ аз чунин чорабиниҳо хулоса бароварда, аз ин одат даст кашанд, мо худро муваффақ меҳисобем. Боварӣ дорам, ки чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ албатта, натиҷаи худро медиҳад ва мо метавонем, насли ояндаро аз ин иллати бади марговар муҳофизат намоем.

Муҳаббат ҲОТАМОВА,
мудири шӯъбаи дастгирии тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонии аҳолии ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ