Нисфи аҳолии Ӯзбекистон вазни зиёдатӣ доранд — тадқиқот

Натиҷаҳои тадқиқоте, ки дар байни аҳолии 18-64 солаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузаронида шуд, эълон гардид.

Мувофиқи он, аз се ду ҳиссаи аҳолӣ (67 фоиз) ҳар рӯз ба миқдори мувофиқ (камтар аз 400 грамм) сабзавоту меваҷот истеъмол мекунанд;

нисфи аҳолӣ вазни зиёдатӣ, 20 фоиз фарбеҳ;
дар хуни 46 фоиз холестирин зиёд шудааст;
истеъмоли намак аз тарафи аҳолӣ 14,9 граммро ташкил медиҳад.
Ин маънои онро дорад, ки 3 маротиба бештар аз миқдори тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (на бештар аз 5 грамм дар як рӯз) аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ