Дар Минск ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дар ҷамъомади навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Зимни ҷамъомад роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд изҳороти муштарак қабул гардида, қарорҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҳошияи Иттиҳод равона карда шудаанд, ба имзо расиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ