Кадом гурӯҳи бачагон аз пардохти пули кӯдакистон озод ҳастанд?

Донистан хуб аст

Кӯдаконе, ки онҳо бемориҳои зеринро доранд, аз пардохти маблағи кӯдакистон озод ҳастанд:
➖ кӯдаконе, ки нуқсонҳои шадиди нутқ (ринолалия, лакнат доштани забон, афазияи кӯдакона, ақибмонӣ дар рушдӣ равониву забонӣ) доранд;
➖ нуқсони пурзӯри шунавоидошта (карии дараҷаи II-IV);
➖ нуқсони вазнини биноидошта (нобиноён, набудани гавҳараки як чашм (анофталм), амблиопия ва кӯдаконе, ки қобилияти пасти биноиву чашми олус доранд);
➖ нқусонҳо дар узвҳои мушакҳо (ҳолати пас аз ҳама намуди ҷарроҳии мағзи сар, гардан, қафаси сина, сутунмӯҳра, буғумҳо ва пойҳо; деформатсияҳои идиапатикии гардан, қафаси сина, сутунмӯҳра; кифоз; лордоз; кифосколиоз; фалаҷи панҷаҳои пой; нуқсонҳои инкишофи узвҳо дасту пойҳо, артрозоартрит, остеохондропатия, хондродистрофия, фалаҷи мағзи сар дар кӯдакон, ҳама патологияҳои узвҳои устухонӣ пас аз менингоэнтсефалит ва мушкилиҳои пас аз таваллуд (гемипарез, парапарез, монопарез ва плегияҳои ҳамин намуд), полирадикулоневрит ва асорати онҳо;
➖ ақибмонӣ аз рушди психикӣ (қафомонии ақлӣ (қафомонии фаъолияти зеҳнӣ ва дараҷаи сабуки заифақлӣ);
➖ нуқсонҳои мураккаб (мавҷудияти ду ё зиёда нуқсонҳои инкишоф);
➖ Аввалин зуҳуроти бемории сил (шахсоне, ки бо гирифтори бемории сил аз як оила (хоҷагӣ) ҳастанд, дар сӯҳбат шудаанд, тубвираж), инчунин давраи барқароршавӣ пас аз бемории сил.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ