Дар Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оғоз шуд

Имрӯз дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар форум вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конгратбай Шарипов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он 20 шартномаи ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба имзо расид. Дар натиҷаи ба имзо расидани чунин созишномаҳо шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷику ӯзбек дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду давлат таҳсил намуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳии давлатии иқтисоди Тошканд бо иштироки намояндагони 28 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 17 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Дар доираи форум байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат имзои якчанд шартномаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ