Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мегардад

Аз 15 то 20 апрел дар Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Имрӯз, 15 апрел ҳайати кишварамон ба хотири баргузории Рӯзҳои синамои ӯзбек ба Тоҷикистон рафтанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб барои алоқамандони синамо филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» намоиш дода мешаванд.

Мутобиқи барнома, пагоҳ соати 14:30 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба баргузории Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир мешавад.

Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон 16 апрел, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов» оғоз мегарданд.

Ҳамзамон дар ин давра ҷаласаи комиссияи муштараки синамогарони Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба таҳияи филмномаи филми ҳунарии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» доир гардида, филмнома мавриди таҳриру таҳлили пурра қарор дода мешавад.

Инчунин дар доираи Рӯзҳои синамои Узбекистон 17 апрел, соати 11:00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода мешавад.

18 апрел, соати 10:00 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми ҳунарии «Судя» ба алоқамандони синамо манзур мегардад.

19 апрел, соати 11:00 дар шаҳри Ваҳдат филми ҳунарии «Абдулло Орифов» ба намоиш гузошта мешавад.

Рӯзҳои синамои Узбекистон 19 апрел, соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод ҳамсар!» анҷом меёбанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва маконҳои зебою дилпазири шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзобро тамошо менамояд.

Рӯзҳои синамои Узбекистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории синамогарони тоҷику узбек заминаи мусоид гузошта, дӯстии ду миллати ҳамҷаворро боз ҳам таҳким мебахшад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ