Дар Амороти Муттаҳидаи Араб миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир қайд гардид

Маркази миллии обуҳавошиносии Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбе миқдори рекордии боришро дар 75 соли охир сабт намуд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти ҳукумати аморот хабар додааст, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Тибқи иттилои марказ, дар шаҳри Ал – Айн, дар шарқи амороти Абузабӣ, ки дар он ҷо истгоҳи обуҳавошиносии иқлимӣ ва иттилоотии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷойгир мебошад, давоми камтар аз 24 соат 254,8 мм борон боридааст.

«Ин ҳодисаи табиӣ дар таърихи иқлимшиносии кишвар ҳамчун истисно ба ҳисоб меравад», — ишора мешавад дар паёме, ки дар X (қаблан Twitter) нашр шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ