Тошканд мақоми «Пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро гирифт

Дар шаҳри Тошканд маросими ботантанаи ба шаҳр додани мақоми «Пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Дар ин хусус агентии Kazinform хабар доааст.

Дар маросими тантанавӣ роҳбарони ҳайатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Қарор дар бораи он, ки маҳз шаҳри Тошканд аввалин пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб мешавад, 8 июни соли 2023 дар Сочи дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ» қабул карда шуд.

Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ пайғом фиристод. Ӯ ишора намуд, ки ҳамасола дар фазои Иттиҳод ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ такмил ёфта, лоиҳаҳо ва барномаҳои нав ба миён меоянд.

«Яке аз чунин лоиҳаҳое, ки ба муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳои Иттиҳод дар соҳаи кор бо ҷавонон, табодули таҷриба дар масъалаҳои рушди иқтидори ҷавонон ва такмили ҳамкории байналмилалии ҷавонон равона шудааст, лоиҳаи «Пойтахти ҷавонони ИДМ» мебошад, — изҳор дошт Сергей Лебедев.

Муовини роҳбари котиботи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ Татяна Ковалева ба ҳокимияти пойтахт шаҳодатнома дар бораи додани мақоми нав ба Тошкандро супорид.

Соли 2025 пойтахти нави ҷавонони Иттиҳод шаҳри Габалаи Озарбойҷон мегардад, соли 2026 ин мақом ба шаҳри Капани Арманистон дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ