Ӯзбекистон — Тоҷикистон: Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ба манфиатҳои халқҳои мо комилан мувофиқ аст

Рӯзҳои 18–19‑уми апрели соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар ин мамлакат шуд. Дар шаҳри Душанбе бар асоси барномаи ташриф музокираҳои сатҳи олӣ, вохӯриҳои дутарафа ва чорабиниҳои муштарак баргузор гардиданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвари давлатамонро бо эҳтирому самимияти олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Ба шарафи пазироии сазовори меҳмони олимақом қаровули фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ду кишвар овехта шуданд. Ҳамчунин меҳмони олиқадрро шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо гулу парчамҳои ду давлати дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо пазироӣ намуданд.
Сипас, Президенти кишварамон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе рафта, дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Маросими истиқболи расмии Сарвари давлатамон дар майдони «Қасри миллат» баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар «Қасри миллат» мулоқоти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати маҳдуд баргузор гардид.
Ба амиқтар кардани мулоқотҳои сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ (иттифоқӣ) рамзи гузариш ба марҳилаи сифатан нави муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мебошад.
Ба ин маъно қайд гардид, ки татбиқи иқтидори муносибатҳои иттифоқӣ, баланд бардоштани самараи робитаҳоро дар ҳамаи сатҳҳо тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир ҳаҷми гардиши мол 40 баробар ва шумораи корхонаҳои муштарак 15 баробар афзудааст.
Дар назди ҳукуматҳо вазифа гузошта шудааст, ки гардиши молро тавассути васеъ кардани доираи таъминоти байниҳамдигарӣ, ба кор андохтани минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.
Дар арафаи сафар форуми тиҷоратии Ӯзбекистон-­Тоҷикистон бомуваффақият баргузор гардида, бинобар натиҷаи он портфели мустаҳками лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ва шартномаҳои тиҷоратӣ ташаккул ёфтанд.
Лоиҳаҳои дуҷонибаи судманд дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, нассоҷӣ ва дорусозӣ аз ин ҷумлаанд.
Аҳамияти густариши мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯс­тона қайд гардид. Мунтазам намоиш додани филм, консерт, спектакл, намоишгоҳҳо ва форумҳои ҷавонон ёдовар карда шуд. Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи таълим, таҳияи барномаҳои сайёҳии арзон зикр гардид.
Сарвари кишварамон Шавкат Мирзиёев Президент ­Эмомалӣ Раҳмонро даъват кард, ки дар вақти барояш мувофиқ аз Ӯзбекистон боздид кунад.
Вохӯрии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-­иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангӣ-­гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
— Солҳои охир дар натиҷаи муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ, ки дар рӯҳияи эътимод ва дастгирии ҳамдигар сурат гирифтанд, муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо ба сатҳи бесобиқа боло рафт, — қайд намуд Шавкат Мирзиёев.
Ҳамзамон қайд гардид, ки барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба иқтидори бузург ва имкониятҳои калони истифоданашуда мавҷуданд.
— Барои татбиқи Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ, ки имрӯз имзо мегардад, бояд самаранокии робитаҳоро дар ҳама сатҳҳо — парлумонҳо, ҳукуматҳо, идораҳои сиёсии хориҷӣ, вазорату равобити байни минтақаҳо баланд бардошт, — гуфт сарвари давлатамон.
Дар рафти ҷамъомад ҳисоботи ҷонишинҳои сарвазирон, вазирони нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз рӯи рӯзномаи ҷаласа шунида шуд.
Дар анҷоми музокирот сарони давлатҳо супориш доданд, ки «Харитаи роҳ»-и муштарак омода намуда, механизми татбиқи самарабахши созишномаҳои ба дастомадаро роҳандозӣ намоянд.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро имзо карданд.
Илова бар ин, дар ҳузури сарони давлатҳо маросими табодули асноди дуҷониба баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни ин сафар 28 санад, ки қариб тамоми самтҳои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар бар мегиранд, ба имзо расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии накӯ, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар, ба як гурӯҳ ходимони маданият ва санъати ҳар ду мамлакат унвонҳои фахрӣ доданд.
Дар доираи барномаи сафари давлатии роҳбари кишварамон маросими супурдани ҷоизаҳо баргузор гардид.
Бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, дотсенти Консерваторияи миллии Тоҷикистон Исмоил Назриев, роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзода, роҳбари ансамбли иҷрокунандагони шашмақоми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Тӯлқин Тоҷибоев, роҳбари бадеии ансамбли «Фалак»-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Раҳматулло Ҳошимов сарфароз гардонда шуданд.
Дар навбати худ бо унвони фахрии «Ҳофизи мардумии Тоҷикистон» профессори кафедраи «Мақомсароӣ»-и Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Ю. Раҷабӣ Муноҷотхон Йӯлчиева, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, роҳбари бадеии ансамбли суруд ва рақси «Лазгӣ»-и Филармонияи давлатии Ӯзбекистон Оғабек Собиров, сароянда Юлдуз Усмонова, инчунин бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» директори Театри миллии академии драмавии ӯзбек Ёдгор Саъдиев сарфароз гардонда шуданд.
Сарони давлатҳо нишонҳои унвонҳои фахриро ботантана ба соҳибонашон супориданд.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
— Боз як бор таъкид мекунам, ки Тоҷикистон барои Ӯзбекистон шарики стратегии наздик, боваринок ва дар давоми асрҳо санҷидашуда мебошад. Халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик бо риштаҳои чандинасринаи дӯстӣ ба ҳам пайвастаанд. Моро таърих, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, анъана ва урфу одатҳои муштарак муттаҳид мекунад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар анҷом натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ неку назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ба имзо расидани шумораи зиёди ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ, бахусус, Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвари ҳамсоя барои густариши бесобиқаи робитаҳо роҳи васеъ боз менамояд.
Дар толори бошукӯҳи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии арбобони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду давлат мебошад.
Консерти ҷаззоби «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмӯҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду давлат, ки тараннумгари дӯстии мардумони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад, хушу хотирмон баргузор шуд.
Дар рӯзи дуюми сафари давлатӣ Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон садо доданд.
Сарони давлатҳо аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек соядаст гузоштанд.
Баъд раисҷумҳурони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Маркази ЭКСПО дар шаҳри Душанбе дидан карданд.
Дар ин Намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратии кишварамон 1500 намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин, масолеҳи бинокорӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маъраз гузоштанд.
Сарони давлатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба ҳукуматҳои хеш дастуру супоришҳо доданд.
Бо ҳамин сафари давлатии Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Ӯз А.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ