Намоиши бозёфтҳои археологии Шарҷа дар Самарқанд

Дар Қасри санъати назди Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд намоиши бозёфтҳои археологии Аморати Шарҷа кушода шуд.
Дар ин чорабинӣ Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ва раиси иҷрочии ҳукумати Аморати Шарҷаи АМА Шайх Фаҳим ибн Султон ол Қосимӣ, сардиректори Садорати археологияи Шарҷа Эйза Юсуф дар бораи муносибатҳои фарҳангии Ӯзбекистону АМА ҳарф зада, таъкид намуданд, ки муносибатҳо дар ин самт торафт қавитару мустаҳкамтар мегарданд.
— Дар шаҳри қадимаи Шарҷа бисёр экспонатҳои таърихӣ ҳастанд, — гуфт А. Абдуҳакимов. — Ҷиҳати ҷолиби диққат дар он аст, ки 80 дарсади ин экспонатҳо бори аввал дар Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 170 бозёфти бостонӣ ҷой гирифтаанд, ки таърихи муносибатҳои Арабистону Осиёи Марказӣ ва ба даври аз неолит то исломии Аморати Шарҷа тааллуқ доранд.
Шайх Фаҳим ибн Султон ол Қосимӣ ҳам қаробати таърих ва фарҳанги Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Арабро эътироф намуд:
— Айнан дар Ӯзбекистон намоиш додани бозёфтҳои археологии Шарҷа аҳамияти хоса дорад, — гуфт ӯ. — Чунки ин ду кишвар фарҳанг, таърих ва эътиқоди муштарак доранд.
Бино ба маълумоти Садорати археологияи Шарҷа, ин гуна намоиш аввал дар Ҷопон, Испания ва Белгия дар савияи баланд ташкил гардидааст.
Бояд гуфт, ки бозёфтҳои археологӣ, ки ҳоло онҳоро намоиш медиҳанд, дар ёдгории археологии Млейхаи Шарҷа пайдо гардидаанд. Қисми зиёди бозёфтҳоро зарфҳои аз тилло, нуқра, оҳан, устухони фил, гаҷ, шиша ва ғайра сохташуда ташкил дода, нишонаҳои маданияти Миср, Юнон, Рим, Парфия, Осиёи Миёна ва Ҳиндустони қадима мебошанд.
Намоиш то 22‑юми май идома меёбад.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ