Содироти маҳсулоти 60 миллион долларина ба давлати ҳамсоя

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон. Вакилони як халқ, ки ба ду забон сухан мегӯянд, аз азал аҳлу тифоқ ва дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кардаанд. Солҳои охир чунин алоқаҳо боз ҳам мустаҳкам шуда, ҳамкории иқтисодӣ васеъ мешаванд.
Ҳоло дар вилояти мо бо иштироки сармояи ширкатҳои Тоҷикистон 7‑то корхонаи муштарак ва 6‑то хусусӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ургут корхонаҳои муштараки «Diamond Petrol» ва «EVRO CASINGS» бо хизмати тиҷоратӣ, дар ноҳияи Тайлоқ ҶММ «SOCHAK EXPORT ENTERPRISES» бо истеҳсоли хӯрокворӣ ва дар ноҳияи Пайариқ ҶММ «AVISENNA INTERNATIONAL GROUP» бо хизмати тиббӣ машғул мебошанд.
Ғайр аз ин, дар соли 2023 дар вилояти мо дар доираи 1 лоиҳаи сармоягузорӣ аз Тоҷикистон 2,6 миллион долларина сармоягузории хориҷӣ роҳандозӣ карда шуд.
— Бо саъю кӯшиши роҳбари давлати мо ҳамкорӣ байни давлатҳои ҳамсоя бештар шуд, сарҳадҳоро кушоданд, робитаҳои ҳамкорӣ роҳандозӣ гардиданд, — гуфт Ҳайдар Уроқов, роҳбари ҶММ «Navobod naslli parranda», ки дар ноҳияи Самарқанд фаъолият пеш мебарад. — Ин омилҳо барои соҳибкорон имкониятҳои калон ва бозорҳои навро кушод. Мо аз ин имкониятҳо истифода бурда, дар соли 2018 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хӯҷанд амалӣ кардани лоиҳаҳои муштаракро оғоз намудем. Ба онҳо дар ҳар чоряки сол 1,5 миллион долларина озуқаи чӯҷаи зотӣ ва парранда содирот мекунем.
Корҳо роҷеъ ба боз ҳам васеъ кардани ҳамкорӣ ва идома додани он ва дар оянда роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои нав амалӣ карда мешаванд.
Дар соли 2023 гардиши маҳсулот байни вилояти мо ва Тоҷикистон 70 миллион долларро ташкил карда, 59,9 миллион долларина содирот ва 10,1 миллион долларина воридот амалӣ гардид. Маҳсулоти содиротӣ ба Тоҷикистон асосан ба ҳиссаи озуқаи ҳайвонот, матоъҳо ва таҷҳизоти металлӣ рост меояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ