Хушбахтӣ дар чист?

Рӯзе ҳангоми аз донишгоҳ баргаштан дар ин бора фикр кардам. Такрор ба такрор аз худ мепурсидам ва ҳар бор ҷавоби дигаре ба сар мезад. Саргарми ҳазор андеша ба хонаи иҷора расидам. Соҳибхона Саидамак ба ниҳолҳо об медоданд. Ба амак, ки марди рӯзгордида буданд, бо ин савол муроҷиат кардам. Амак аввал бо ҳазлу шӯхӣ ва пас аз сукути кӯтоҳ гуфтанд:
— Ҳоло писаронам дар хориҷа ҳастанд. Гарчанд ҳар сол ба диданашон меравам, ҳамеша ёду фикри онҳоро мекунам ва эҳсоси пазмонӣ маро азоб медиҳад. Онҳо тинҷу хотирҷамъ бошанд, ин хушбахтии мост. Яъне, хушбахтӣ дар тинҷиву осудагӣ ва канори ҳам будани аҳли оила аст.
Баъд ба хона даромадам. Ҳамхонадухтарон дарс тайёр мекарданд. Ба онҳо ҳам бо ин савол рӯ овардам.
— Хушбахтӣ амалӣ шудани орзуҳост, — гуфт яке аз онҳо. — Барои амалӣ гардидани орзу бошад, ҳар кас бояд худаш ҳаракат кунад. Яъне хушбахтии инсон дар дасти худаш аст.
Рӯзи дигар ба ин савол аз ҳамкурсам Хадичабону ҷавоб пурсидам.
— Дар як ҳадиси пайғамбарамон (с.а.в.) чунин омадааст, ки Худо ҳангоми аз лой офаридани одам андак лой боқӣ мемонад. Сипас, Офаридгор ба одам рӯ оварда мепурсад, ки «Эй одам ба ту чӣ лозим аст?». Одам фирефтаи хаёлот гардида, чизе намегӯяд. Худо «Пас инро ба дасти худат месупорам ва ин бахти туст. Ту бо амалҳоят бахти худро месозӣ» мегӯяд. Воқеан, инсон хушбахтӣ ва бадбахтии худро бо дасти худ месозад ва ин ба амалҳои ӯ вобаста аст.
Бегоҳрӯзӣ ба мағозаи сари кӯча баромадам. Зане ҳамроҳи писари хурдсолаш савдо мекард. Аз писараке ки Умедҷон ном дошту хушодобу хушрафтор буд, шавқмандона пурсидам:
— Умедҷон, хушбахтӣ чист?
Писарак бо лаҳни бачагона гуфт:
— Дар мактаб бо баҳои аъло хонда, касби дӯстдоштаи худро соҳиб шудан хушбахтӣ мебошад.
Аз ҷавоби Умедҷон хеле хурсанд шудам. Чунки ӯ аллакай дар фикри ояндаи худ буда, дар бораи хушбахт шудан меандешад ва дар дил орзу мепарварад.
Ин ҳама андешаҳои атрофиён бароям ибрат шуд ва ҷавоби саволи худро дарёфтам: хушбахтӣ на дар сарвату пул, балки дар хотирҷамъии оила, инсондӯстӣ ва якдигарфаҳмиву ба орзуҳои дил расидан аст.

Ганҷина АБДУСАТТОРОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ