Равғани зайтун — хислат ва табобат дар тиб

Шифохонаи табиат

Равғани зайтун — Мурод аз ин равғани зайтуни хӯрокӣ аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 65 грамм равғани зайтунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад; агар инро бо шароб ва оби гарм биёшоманд, қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, арақ меоварад, пешобро меронад; дардҳои буғумҳо, ирқуннасо, дарди сурин ва ғайраҳоро ба ибро меоварад. Агар равғани зайтун хӯрда қай кунанд, заҳрҳоро аз бадан дафъ месозад.
Бо равғани зайтун нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, кулинҷи варамӣ ва гиреҳӣ, дарди миён, дарди буғумҳо ва иркуннасоро шифо мебахшад.
Агар инро бимоланд, дардҳоеро, ки сабабашон моддаҳои ҳунукмизоҷ ва аз хунукӣ бошанд, таскин медиҳад.
Микдори як бор хӯрдан аз равғани зайтун дар як рӯз то 35 грамм аст.
Агар баъд аз кашида шудани равғани зайтун шаш сол бигузарад, онро равғани зайтуни қадим меноманд, вале баъзеҳо инро баъд аз шаш моҳ гуфтаанд.
Мизоҷи равғани зайтуни қадим гармтар аз навъи нави он асг.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои ғализро таҳлил медиҳад, дарун ва башараро мулоим мекунад, хислати давоҳоро ислоҳ менамояд ва қувватҳои ногувори онҳоро заиф мегардонад, шах шудани узвҳои баданро манъ мекунад, зарари сарморо дафъ месозад.
Ин равғанро гарм карда ба ҷоии каждум газида бимоланд, дардашро таскин медиҳад.
Равғани зайтуни навро доғ кунанд, то ба нисф расад, баробари равғани зайтуни қадим мегардад. Агар равғани зайтун аз ҳафт сол бигузарад, қуввати шифобахшии он беҳтар аз равғани баласон мегардад. Ин равған ҳарчанд кӯҳнатар шавад, қавитар мегардад.
Қуввати равғани зайтун то чор ҳазор сол боқӣ мемонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ