Эътирофи меҳнати кормандони соҳаи коммуналӣ

Дар вилоятамон Рӯзи кормандони соҳаи хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат дар Сарсадорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷойи вилоят баргузор гардид, намояндагони ҳокимияти вилоят, сарсадорат, масъулони ташкилотҳои дигар ва кормандони соҳа иштирок карданд.
– Дар ободу сарсабз гардидани гӯшаву канори кишварамон саҳми кормандони соҳаи коммуналӣ низ бузург аст, — гуфт ҷонишини сарвари Сарсадорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷойи вилоят Баҳодур Неъматов. – Имрӯз қариб ба 84 ҳазор хонадонҳои беш аз 2300 биноҳои бисёрошёнаи вилоят кормандони 43 ширкатҳои сервисии идоракунӣ ва 16 ширкати мулкдорони хонаву ҷой шабу рӯз хидмат мерасонанд. Кормандони мо вазифаҳояшонро фидокорона ва таҳтидилона иҷро мекунанд.
Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ кормандони соҳа, ки бо меҳнати шоиста баҳри рушди соҳа саҳм мегузоранд ва ба мардум хидмати босифат мерасонанд, тӯҳфаҳои сарсадорат супорида шуданд.

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ