Тухмии пахтаро бо техникаҳои замонавӣ мекоранд

Бо ташаббуси Садорати вилоятии Нозироти назорати маҷмӯаи агросаноати Ӯзбекистон дар ноҳияи Иштихон барои вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ оид ба мавзӯи «Дар кишти тухмии пахта мавқеи техникаҳои замонавӣ» пресс-тур баргузор гардид.
Иштирокдорони чорабинӣ нахуст дар саҳрои хоҷагии фермерии «Мухтор Қобилов»-и тобеи Саройи муқобили мошину тракторҳои «Шароф Одилов» бо ҷараёни кишти тухмии пахта бо тухмикораки замонавии истеҳсоли Туркия шинос шуданд. Дар 34,8 гектар замини хоҷагӣ навъи «Бухоро102»-и тухми пахтаро кишткарданд. Қаблан ба як гектар замин бо тухмипошаки пешина 35—40 килограмм тухмӣ мекоштанд. Бо нав, ба 1 гектар 25 килограмм тухмии пахта кифоя аст. Сипас, дар ҳамин хоҷагӣ журналистон бо ёрии техникаи хоҷагии қишлоқи замонавии «ERMAK LAZER», ки заминро бо усули лазерӣ ҳамвор мекунад, шинос гаштанд. Бо ёрии ин техника майдони корам ба як меъёр ҳамвор гардида, барои обёрии майдон об сарфа карда мешавад. Баъди ҳамин, иштирокдорони тадбир дар кластери филиали ноҳиявии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мароқанд сифат текстил» бо техникаҳои замонавии пахтачинӣ, комбайни амрикоии «JOHN DEERE 9970» ва комбайни ғалладаравии «DOMINATOR CLAAS» —и истеҳсоли Германия шинос гардиданд. Ин техникаҳо ба мавсими пахтачинӣ ва ғалладаравӣ омодаанд. Афзалияти комбайни пахтачинӣ дар ҳамин аст, ки дар як рӯз кори беш аз 500 нафар чинакчиро иҷро мекунад. Дар вилоят танҳо 7 адад чунин комбайн мавҷуд аст, ки 6тоаш аз они ҳамин кластер мебошад. Кластер 11 адад комбайни «DOMINATOR CLAAS» дорад, ки яктои он рӯзе ғаллаи 10 гектар ғаллазорро медаравад.
Дар охири тадбир иштирокдорон дар саҳрои хоҷагии фермерии «Иштихон олтин ерлари» бо ҷараёни кишти чигити навъи хитоӣ шинос гардиданд. Имсол тухмин навъи «Хитой_55» —ро дар 400 гектар замин ба таври таҷриба зери плёнка мекоранд. Дар бораи афзалияти ин навъ мутахассиси хитоӣ, агроном Луан Син Мин сухан кард. Бино ба маълумоти ӯ ин навъ хеле серҳосил аст.
Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ