Ҷазои зиндонии зан ба муддати 12 сол барои сӯиқасди шавҳар

Дар Самарқанд нисбати зани 32 сола, ки ҳангоми мастии шавҳар ба болояш бензин рехта сӯзонидааст, ҳукми додгоҳ эълон гардид. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда маълум мегардад, ки пештар байни зану шавҳар зуд-зуд ҷанҷолҳои оилавӣ содир гардида будааст. Аз рӯи гуфти зан, шавҳари марҳумаш вақтҳои охир ба хона пул намеовардааст ва занашро дар алоқа бо марди бегона айбдор медонистаат. Ҳамон рӯзи воқеа низ шавҳар дар ҳолати маст ба зан даст мебардорад ва занаш бо ҷаҳл дасту пойи шавҳарашро баста, ба болояш бензин рехта месӯзонад. «Ӯ ба ман писаратро нобуд месозам гӯён таҳдид кард» — гуфтааст, айбдорзан. Аз рӯи ҳукми додгоҳ зан бо моддаи 97, қисми 2, бандҳои «в»,»д»,»ж» кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон айбдор дониста шуда, ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Тааҷубовараш ин, ки зан пеш аз ин барои бо айби кордкашӣ ба наздикони худ, аз озодӣ маҳрум шуда будааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ