Иқтисод

Ӯзбекистон ба арзиши 4,4 миллиард доллар тилло фурӯхт

Ӯзбекистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 4, 4 миллиард доллар тилло содир кард. Ҳаҷми содироти тилло дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 2,8 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин бора кумитаи давлатии омор хабар медиҳад.Ҳамчунин, ҳаҷми тилло дар содироти кулли Ӯзбекистон 27,3 дарсад рушд кардааст.Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон солҳои охир содироти тиллоро ба сурати муназзам боло мебарад. Масалан, соли 2016 ба арзиши 738,6 миллион доллар, соли 2017 ба арзиши 1,6 миллиард доллар, соли 2018 ба арзиши 2,91 миллиард доллар тилло фурӯхта шуд.Манбаъ: kun.uz Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ