Алишер Саъдуллоев: «Тартиби хонаҳои имтиёзнок барои ҷавонон дигар мешавад»

Алишер Саъдуллоев: «Тартиби хонаҳои имтиёзнок барои ҷавонон дигар мешавад»

Санаи 29-уми январи соли ҷорӣ сесcияи навбатӣ, Пресс-клуби байналхалқӣ оиди Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис шуда гузашт. Дар он раиси Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев чун спикер иштирок намуд ва дар охир бо мухбири Kun.uz оиди масъалаи ҷавонон сӯҳбат орост.

  • Алишер Саъдуллоев дуруст аст, ки тартиби додани хонаҳои имтиёзнок барои ҷавонон бекор шуда, ба ҷойи он хонаҳои нисбатан ба нархи арзон дода мешавад?
  • Албатта, мо давоми солҳо барои гирифтани хонаҳо бо кредити имтиёзнок ёрӣ расонидем. Ташкилот бо вуҷуди пардохт намудани хонаҳои имтиёзнок, ҷараёни маблағсупориро ба амал овард. Оилаҳои ҷавон хонаҳои кредитиро давоми 20 сол ба миқдори 7 фоиза пардохт намуданд. Аммо вақтҳои охир барои гирифтани хона дар маркази шаҳр ба навбат истодан боиси норозигии ҷавонон мегардад. Барои омӯхтани ин норозигиҳо ва муроҷиатҳо портали алоҳидаи “Муроҷиати ҷавонон” ба кор сар кард. Ба он вакилони ҷамоатиро низ ҷалб намудем.
    Имрӯзҳо давлатамон аз баҳри имтиёзҳо баромада, ба ҷойи он стратегияи нави нархҳои арзону мувофиқи стандарти давлатиро пеш бурда истодааст. Ба фикрам сохтори нав аз рӯи адолат аст. Инро иқтисоддонҳо низ хуб мефаҳманд , яъне паст бурдани нархҳои стандартӣ сохтори қулайи ҳаматарафа ба ҳисоб меравад.
  • Муаммои дар марказҳои шаҳру вилоят муаммои гирифтани хона ба ҳама маълум. Барои чӣ дар ҳудудҳо сохтани хонаҳои имтиёзнок ба дараҷаи талабот омӯхта нашудааст?
  • Мо ин ҳолатро таҳлил карем. Ҳоло дар қишлоқҳо барои ҷавонон хона кам сохта шуда истодааст, чунки талаботи ҷавонон дар деҳаҳо кам аст. Аксари онҳо шароити шаҳрро мехоҳанд, бо мақсади хондан ё кор омада дар ҳамин ҷо мондаанд. Аз ҳамин сабаб, дар шаҳр эҳтиёҷ ба хона бисёр шуда истодааст.
    Дар вохӯрии Президент бо ҷавонон, ки санаи 27-уми декабри соли гузашта доир гардид, оиди муаммоҳои ҷавонон, қайд намуд, ки дар оянда бевосита ташкилоти давлатӣ баҳри ҳалли масъалаҳои ҷавонон зарур аст. Ва ин ташаббус аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ шуд ва дар таркиби Иттифоқи ҷавонон “Агентии корҳои ҷавонон” ташкил гардид.
  • Дар сохтори нав кор бо ҷавонон чӣ гуна пеш меравад?
  • Бояд як чизро дуруст фаҳмем, ки Иттифоқи ҷавонон ташкилоти ғайридавлатӣ-нотиҷоратӣ аст. Вай корҳои худро оиди давлат аз нуқтаи назари сиёсӣ пеш бурда наметавонист. Агентии нав бояд сиёсати ҷавононро пеш бурда тавонад ва соҳиби кор гардидани ҷавононро дар ҳар ташкилоти давлатӣ таъмин созад. Агар барои баҳо додан ба ин соҳа ба таҷрибаҳои ҷаҳонӣ назар кунем, монандии ин сохторро мебинем.
    Ҳоло мо дар ин соҳа кор бурда истодаем. Ташкили агентӣ албатта бо ҷавонон муҳокима карда мешавад ва байни ҷавонон вохӯриҳо мегузаронем. Якчанд таклифҳо омаданд. Аз ҷавонони ҳудудҳои дурдаст низ таклифҳо қабул кардем. Барои онҳо чӣ лозим? Дар навбати аввал шароити хуб, ҷойи кор, имконияти гирифтани таълим ва шуғли онҳо мебошад. Мисоли оддӣ, мо иқтисоди рақамӣ мегӯем. Иқтисоди рақамиро бе илму маърифат ва интернет тасаввур карда наметавонем. Аз ин боис, имконияти фоидабарии ҷавононро аз интернет зиёд кардан лозим. Ин имконият ба ҳудудҳои дурдасти кишварамон низ расиданаш даркор-гуфт ӯ.
    Н.Бобоаҳмедов
    Манбаъ KUNuz
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ