Дар Нуробод муассисаи нав қад афрохт

Дар Нуробод муассисаи нав қад афрохт

Дар маҳаллаи Бошқудуқи ноҳияи Нуробод ташкилоти таълимии томактабии давлативу хусусӣ сохта шуда ба истифода супорида шуд.
Он бо ташаббуси тадбиркор Сурайё Омонова дар асоси шарикӣ барпо гардид. Муассисаи таълими томактабии “Висола ишончи” аз ҳисоби 500 миллион сӯм маблағи тадбиркор ва 1,5 миллиард сӯм кредити имтиёзноки бонк ташкил гардида, фаъолияти худро оғоз кард.
Қад афрохтани муассисаи нав дили хурду калони маҳалларо хушнуд сохт. Ташкилоти мазкур дорои 60 ҷой буда, тамоми шароитҳои мусоидро дорад. Инчунин, ҷамоаи коргарони ботаҷриба баҳри таълиму тарбияи хурдтаракон хизмат мекунанд.

Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ