Оё сабабгори дабдабабозиҳо занҳоянд…

Оё сабабгори дабдабабозиҳо занҳоянд…

  • Post category:Асосӣ

Дар истгоҳ меистодам. Дар паҳлӯям ду зани солхӯрда бо ҳамдигар сӯҳбат мекарданд. Сӯҳбаташон торафт метасфиду овозашон баланд мешуд. Ҳатто яке аз онҳо асабонӣ мешуд.

  • Охир, фарзандро мо калон кардаем, то ба ин дараҷа расидани инҳо магар кам азоб кашидаем. Чӣ будаст, фотеҳатӯй бо 10 нафар мегузаштасту ба падар модари арӯсу домод тӯҳфа додан манъ шудааст, тӯй бошад, бо иштироки 200-250 нафар мегузаштааст, — норозигии худро изҳор кард яке.
  • Манъ шудани тӯҳфа дарди бахайр, рӯзамон ба сару либоси онҳо намондааст. Аммо дар меъёр будани адади меҳмонон муаммои калон шуд. Охир, мо дар тӯю маъракаҳои хешу таборон, хаққу ҳамсояҳои бисёр иштирок кардаем. Худи аъзоёни оилаи мо аз даҳ нафар зиёд ҳастанд. Ғайр аз ин, маросимҳои дафнро гӯед. Хеҷ ба ақл намеғунҷад. Се рӯз будааст. То имрӯз гузаштагон хуб бо обрӯи баланд рафтаанд, мегӯям худ ба худ, — дар ҷавоб гуфт дигаре.
  • Дар ин бора, аз 1¬-уми январи соли 2020 Қарори муштараки Шӯрои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 14 –уми сентябри соли 2019 Низом “Дар бораи тартиби гузаронидани тӯю ҳашамҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, тадбирҳо бахшида ба хотираи марҳумон” ба амал ҷорӣ гардид. Дар замири ин албатта, аввало зиндагии мардумро сабук кардан, баҳри беҳбудии халқ шароит муҳайё сохтан мехобад. Магар ин, барои шумо хуб нест, — ба занҳо муроҷиат намудам ман.
  • Дуруст шояд барои халқ сабук шавад. Аммо ман чанд нафарро фаҳмидам, ки баъд аз гузаштани фотеҳатӯй, алалхусус, домодшавандаҳо боз ёру ошнои худро дар тарабхонаҳо обу зиёфат медодаанд. Охир, ин боз ба маросими иловагӣ табдил намеёбад, — гуфт Соҳиба Неъматова, сокини маҳаллаи Рӯҳободи шаҳри Самарқанд.
  • Камхарҷ шудани тӯю маъракаҳо хеле хуб шуд. Худ бодабдаба гузаронидану илова кардани ҳар гуна урфу одатҳои нест андар ҷаҳон кори шумо-занҳои беақл аст. Чанд соли умрам дар хориҷа гузашт,- гуфт Эркин Олимов аз ноҳияи Самарқанд. — Мақсадам ягона оилаамро таъмин карда, фарзандонамро соҳиби хонаву дар сохтан буд. Худоро шукр, ки фарзандонам дар ҳаёт роҳи худро ёфтанд. Соли гузашта маҷбур шудам, ки ба Ватан баргардам. Баъди омаданам маълум шуд, ки дар вақти ба шавҳар додани духтари хурдиамон қарздор шудаем. Ҳоло писарам аз оилааш дур, баҳри кандани қарзи тӯйи хоҳараш меҳнат мекунад. Агар ҳамин гуна дабдабабозиву нодонии занҳо намебуд, писарам назди зану фарзандонаш зиндагӣ мекард.
  • Ин ҳамааш гапҳои беҳуда аст. Дирӯз дар фотеҳатӯйи як шиносам иштирок намудем. Дар фотеҳа, ки дар тарабкадаи “Зарҳал” – и шаҳр гузашт, қариб 150 нафар иштирок доштанд,- гуфт Мавлуда Асророва аз шаҳри Самарқанд. – Ҳамааш чун пешина гузашту танҳо дар рӯйи миз нӯшокии спиртӣ набуд.
  • Дирӯз фотеҳатӯйи писарамро гузаронидем. Вақте ки раиси маҳаллаамон моро бо қарор шинос намуда, бо 10 нафар гузаронидани маъракаро гуфтанд хафа шудам. Ҳатто бо ҳар гуна баҳона кӯшиш кардем, ки ақаллан бо 25 нафар гузаронем. Аммо розӣ нашуданд. Фотеҳа дар асоси талабҳои Низом гузашт,- гуфт аз маҳаллаи Ангаралмоси ноҳияи Самарқанд Барно Зокирова. — Ҳоло хеле хурсандам. Фаҳмидам, ки агар ҳамин тавр гузарад ба мардум хеле сабук мешавад. Фарзандонамон барои дарёфти маблағи калон ба мамлакатҳои хориҷа намераванд.
  • Ба фикрам, то ба тартиб даромадани гузаронидани тӯю маъракаҳо албатта вақт лозим аст. Дуруст, аллакай дар баъзе ҳудудҳо маъракагузаронии мардум зери назорати қатъи аст. Аммо баробари ин, нафароне ҳастанд, ки ҳатто хабар надоранд, ки минбаъд тӯю маъракаҳо ихчам гузаронида мешаванд – иброз дошт, сокини ноҳияи Тайлоқ Назокат Маҷидова. — Ғайр аз ин, дирӯз шоҳиди он гаштем, ки фотеҳатӯй бо 15 нафар гузашту сарупомониву халтачатақсимкунӣ чун одат шуд. Ба модаркалону модари домодшаванда баробари сару либоси қимматбаҳо боз гӯшвораву ангуштарини тилло ҳадя гардид. Фақат аз назари мардум дур карда доданд. Охир, ин чашмбандӣ нест. Гуфтаниам, ки бояд раису маслиҳатчиёни маҳаллаҳо назоратро қатъӣ барои ҳама баробар доранд. Агар ин гуна давом ёбад, боз ҳамон бойҳо корашонро кардан мегиранду, оилаҳои камтаъмин чӣ карданашонро надониста сарсону саргардон мешаванд.

Оё сабабгори дабдабабозиҳо занҳоянд? Магар ҳоло низ дар гузаронидани маъракаву маросимҳо ба дабдабаҳо роҳ дода мешавад?
Шумо ба ин чӣ мегӯед? Дар маҳаллаи Шумо иҷрои Қарори муштарак то чӣ андоза дар амал аст?
Фикру мулоҳизаҳои шуморо интизорем.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ