Шавкат Мирзиёев моҳи май ба Туркия меравад

Шавкат Мирзиёев моҳи май ба Туркия меравад

  • Post category:Ҷаҳон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи майи соли равон бо сафари корӣ ба Туркия хоҳад рафт. Дар ин бора QALAMPIR.UZ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ин сафар, ҷаласаи якуми Шӯрои стратегии сатҳи баланд таҳти раисии Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Тойиб Эрдуғон баргузор хоҳад шуд.

Маълум аст, ки дар охири соли 2019 Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мукофоти байналмилалии (Türk Dünyası Yazarlar ve Sanatçılar Vakfı –TURKSAV) «Барои саҳми намоён дар эҳёи ҷаҳони туркӣ», ки аз ҷониби нависандагон, зиёиён ва ҳунармандони турк таъсис ёфтааст, дода шуд.

Маросими супурдани ҷоизаи TURKSAV 19- уми май дар Анқара бо иштироки парламенти Туркия, ҳукумат, аҳли ҷомеа, соҳибкорон ва ходимони санъат дар доираи сафари президент Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ