ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН…

ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН…

Дар натиҷаи садамаи Cobalt ва Damas дар Гулистон 5 нафар ҳалок гардиданд.
Муносибати ҷомеа нисбати ҳодисаҳои нақлиётиву роҳ маро дар ҳайрат меварад. Дар дигар ҳодисот гоҳе 5-6 нафар вафот кунанд, ба муҳокимаҳои калон сабаб мешавад, ҳама ғам мехуранд, афсус мекашанд, аз давлат эълон намудани мотамро талаб мекунанд. Умуман, дуруст аст, ки ҳар як фоқиа моро ба хавотир орад, вале…
Вале дар роҳҳо ҲАР РӮЗ ҳамин қадар одам вафот намояд, парво намекунем. Чун ҳоли одатӣ мақбул мешавад. Гоҳе дар ин бора хабареро бошад, намехонем.
Масалан, дар давоми даҳ рӯзи аввали сол дар натиҷаи садамаи роҳ 35 нафар ҳалок шудааст(https://t.me/yhxbb_uz/148). Тасаввур мекунед, дар давоми 10 рӯз 35 нафар!
Аслан, эҳтимоли марги нобаҳангоми мову шумо ё фарзандонамон дар биёбони Қазоқистон ё сохтмони метро ба 0,1 фоиз баробар. Аммо эҳтимоли марг бо хатои кадоме як аҳмақ бисёр баланд аст.
Чаро дар чунин ҳолатҳо доду вой намекунем, ба масъулон суол намедиҳем, одамоне ки “парвоз” кардан мехоҳанд, боз намедорем, ба қонунҳо риоя намекунем? Чаро?
Баробари ин қонуншикании баъзе касонро ба навор гирифта ба ходимони корҳои дохилӣ фирисад, “стукач” мегӯянд… Э садқаи ин қадар мардии шумо… Ҷое ки дигаронро ба фурӯшандаву номард барорем, худро кмтар тарбия кунему дар ҳаракати роҳ қоидаҳоро вайрон намкунем беҳтар. Аз олуфтагии баъзеҳо ҳар сол зиёда аз 2 ҳазор ҳамватанонамон дар натиҷаи садама ҳалок мешаванд, боз чанд нафар як умр ногиро мегарданд.
Дӯстон муҳтарам, дар роҳҳо ҳушёр бошед, ба қоидаи роҳ амал кунед. Агар қонуншикании касеро бинед, ҳатман ба навор гирифта, ба идораи корҳои дохилӣ равона кунед. Ин ҳеч гоҳ номардӣ нест! Шумо бо ин кор халоскори касе аз фалокат ё марг мегардед. Агар назорати ҷамоатиро пурзӯртар накунем, шумораи қурбониҳо меафзояд
Ҳамаамонро худаш дар паноҳаш нигаҳ дорад. Ҳалокшудагонро ба раҳмати худаш гирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ