Тарғиби маърифат: Бо ташаббуси ҳокими вилоят ба 500 муштарӣ рӯзнома бепул тақсим карда мешавад

Дар тадбире, ки ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» доир гардид, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов таъкид карданд, ки ба мардум ба таври ройгон дастрас намудани рӯзнома, дастгириву тарғиб ва ҷалби васеи мардум ба мутолиаи нашрия натиҷаи мусбат хоҳад дод.
Ба ибораи дигар, ба ваъда вафо карда шуд. Бо ташаббуси ҳокими вилоят соли ҷорӣ 500 мухлиси “Овози Самарқанд” имкони мутолиаи рӯзномаро дар давоми сол ноил гардиданд. Рости гап, дар ин маврид худро чун муҳаррир хушбахт эҳсос кардам, аҳли таҳририят низ хушҳол гардиданд. Мо мехостем, ки чунин роҳбарони маърифтапарвар, фарохдил зиёд шаванд. Фикр мекунам, ки ин ташаббус бо Соли илм, маърифат ва рушди иқтисодиёти рақамӣ ҳамоҳанг гардид. Бешубҳа, ин ба рушди МАЪРИФАТ саҳми бузург ҳамроҳ кардан мебошад.
Кош, аз ин ташаббус ва корҳо дар роҳи тарғиби маърифат дигар роҳбарон ҳам ибрат гиранд, ҳазорон шумораҳои рӯзномаҳо бепул тақсим карда шавад, китобҳо тӯҳфа гарданд…
Бо мақсади идома додани ин гуна корҳо имрӯз, 5-уми феврал бо ҳамкории ҳокимияти ноҳияи Самарқанд таҳти шиори «Рӯзнома- тарғибгари маърифат” бо муштариён вохӯрӣ баргузор мегардад.
Ҳамаи инсонҳои маърифатдӯст, омӯзгорон ва хонандагонро барои иштирок дар тадбир таклиф мекунем.
(Барои афзудани чунин амалҳои хайр навидҳоро роҷеъ ба онҳо бештар бояд тарғиб кунем… ба баъзеҳо чун намуна нишон диҳем)


Баҳодур РАҲМОНОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ