Носир Мавлонов: «Инсонҳои ҳалолкор ва меҳнатдӯстро қадр мекунам»

Носир Мавлонов: «Инсонҳои ҳалолкор ва меҳнатдӯстро қадр мекунам»

  • Post category:Асосӣ

«СОЛИ 2020 ТО 737-ТО ЗИЁД КАРДАНИ АДАДИ СУБЪЕКТҲОИ ТИҶОРАТИИ ХУРД, БА 1500- ТО РАСОНИДАНИ МИҚДОРИ ТАДБИРКОРИИ ТАРТИБИ ЯККА ВА АЗ НАВ БА РОҲ МОНДАНИ ФАЪОЛИЯТИ 222-ТО СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОРИЕРО, КИ КОРБАРИИ ХУДРО ҚАТЪ КАРДААНД, ПЕШИ ХУД ЧУН МАҚСАД ГУЗОШТЕМ».

Президенти мамлакат соли 2020-ро Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон кард. Пас аз ин аксари муштариён доир ба мазмуну моҳияти «иқтисодиёти рақамӣ» ба таҳририят бо савол му¬роҷиат карданд. Мо барои ҷавоб ёфтан ба ин пурсиш ва сӯҳбат роҷеъ ба корҳое, ки соли гузашта дар ноҳияи Самарқанд иҷро шуданд ва нақшаҳои соли нав дар ин самт бо ҳокими ноҳияи Самарқанд Носир Мавлонов сӯҳбат оростем.
– Пеш аз ҳама мегуфтед, ки иқтисодиёти рақамӣ чист?
– Иқтисодиёти рақамӣ – сохтори татбиқи раво¬бити (робитаҳо) иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Гоҳо он бо истилоҳоти «иқтисодиёти интернетӣ», «иқтисодиёти нав» ё «веб-иқтисодиёт» ифода мегардад.
Бори аввал соли 1995 барномарези амрикоӣ Николас Негропонте истилоҳи «иқтисодиёти рақамӣ»-ро ба соҳаи илм ворид кардааст. Ҳоло ин истилоҳро тамоми сиёсатмадорон, иқтисодчиён, рӯзноманигорон ва соҳиб¬корони ҷаҳон истифода мекунанд. Соли 2016 Бонки уму¬миҷаҳонӣ бори нахуст дар бораи ҳолати иқтисодиёти рақамӣ маърӯза кард («Дивидендҳои рақамӣ»).

– Тафовути иқтисодиёти рақамӣ аз иқтисоди¬ёти маъмулӣ дар чист?
– Масалан, барои харидор пойафзол даркор. Онро ба бозор рафта, бевосита худаш интихоб карда, бо пули нақд харид кунад, ин иқтисодиёти анъанавӣ аст. Мо хуб медонем, ки имрӯз аксари мағозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифаҳои махсуси тиҷоратӣ доранд. Агар харидор тавассути ягона гурӯҳи тиҷоратии телеграм ё дигар шаба¬каи иҷтимоӣ маҳсулоти мақбули дилро интихоб карда, ба фурӯшанда маблағро бо роҳи электронӣ фиристад ва маҳсулотро дастрас кунад, ин иқти-содиёти рақамӣ мебошад. Дар асл мо аллакай аз иқтисодиёти рақамӣ истифода мекунем. Масалан, моҳонаи мо ба карточкаҳои пластикӣ меафтад, бо роҳи электронӣ хизматҳои коммуналӣ, телефон, интернет ва ғайра, инчунин дигар маҳсулотро пар¬дохт менамоем, ба таври электронӣ декларатсияи андозро месупорем, аз як карта ба картаи дигар пул мегузаронем, ба хона таом супориш медиҳем ва ҳоказо.
Иқтисодиёти рақамӣ – ин иқти¬содиёти тамоман дигар нест, ки аз нуқтаи аввал оғоз намоем. Ин иқти¬содиёти мавҷударо бо созмони техно¬логияҳои нав, платформаҳо, моделҳои тиҷоратӣ ва бо роҳи дар амал татбиқ кардани онҳо ба сохтори нав гузарони¬дан аст.

Дар соҳаи рушди платформаи рақамӣ ширкати «Алибаба»-и Хитойро, ки сохтори тиҷорати электро¬ниро дорад, мисол овардан мумкин аст. «Алибаба» ин платформаи рақамии оддӣ не, балки экосохтори платформаҳост.
– Дар ҳамин маврид саволе ба миён меояд: ри¬воҷ додани иқтисодиёти рақамӣ барои мо чӣ гуна аҳамият дорад?
– Фоидаи асосии иқтисодиёти рақамӣ дар он аст, ки барои беҳдошти сатҳи зиндагонии мардум хиз¬мат мекунад. Иқтисодиёти рақамӣ ғавчӯби асосии коррупсия ва «иқтисодиёти соягӣ» мебошад. Чун¬ки рақамҳо ҳама чизро мӯҳр мезананд, дар хотир нигоҳ медоранд ва ҳангоми зарурат маълумотҳоро пешниҳод менамоянд. Дар чунин шароит пинҳон кардани маълумот, имзои аҳдномаҳои пинҳонӣ, дар бораи ин ва ё он фаъолият маълумоти пурра пеш¬ниҳод накардан ғайриимкон мегардад. Компутер ҳамаи онҳоро ба мо пешкаш мекунад. Дар як сохтор будани маълумотҳо садди корҳои дурӯғ ва нодуруст мешавад, чунки сохторро фиреб додан номумкин аст. Ин барои пешгирии аз худ кардани маблағҳо, бесамар ва бемақсад истифода бурдан ва кам ё зиёд нишон додани онҳо хизмат мекунад. Инчунин, бои¬си афзудани маблағҳои легалӣ, пардохти саривақтӣ ва дурусти андозҳо, ошкорогии тақсимоти буҷет, беҳуда сарф нагардидани маблағҳои ба сохтори иҷтимоӣ равонгардида мешавад. Ғайр аз ин, пулҳое, ки барои таъмири мактаб, шифохона ва роҳҳо пеш¬бинӣ мегарданд, пурра ба манзил мерасанд.
Аз тарафи давлат интихоб гардидани роҳи руш¬ди иқтисодиёти рақамӣ, дар соҳаи технологияҳои ахборӣ, умуман, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ самтҳои навро боз мекунад. Рушди шабакаҳои ин¬тернетии умумиҷаҳонӣ ва алоқаи босифат сабаби асосии ривоҷёбии «технологияҳои рақамӣ» гардид.
– Мӯҳтарам Носир Мамарасулович! Ба сифати ҳоким ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Са¬марқандро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ҳоло аҳолии ноҳия бештар чӣ гуна муаммоҳо доранд?
– Вақте ки фаъолиятамро дар ноҳияи Самарқанд сар кардам, пеши худ мақсад гузоштам, ки якҷоя бо солхӯрдагони ботаҷриба, собиқадорони меҳнат, мутахассисони пешқадам, соҳибкорон, роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ бо маслиҳат кор мебарам.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳия масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҳастанд, ки тӯли солҳо ҷамъ омадаанд. Инчунин, дарду муаммоҳои аҳолӣ низ зиёданд. Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли муаммоҳои мардум беш¬тар ба фикри халқ, раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо такя мекунам. Ҳамроҳи роҳбарони сек¬торҳо бо аҳолӣ ва соҳибкорон дар ҷойҳо қабулҳои сайёр мегузаронем. Дар аввали сол бо ҷавонон вохӯрӣ гузарондем. То ҳадди имкон мекӯшем, ки муаммоҳои мардумро дар ҷояш ҳал кунем. Барои иҷрои муроҷиатҳое, ки ҳалли онҳо вақт талаб ме¬кунад, ба мутасаддиён вақт медиҳем.
Аксари сокинони ноҳия роҷеъ ба масъалаҳои ҷудо кардани замин, расмигардонии ҳуҷҷатҳои кадастр, таъмин ва таъмири хонаву ҷой, таъми¬ноти қувваи барқ ва гази табиӣ, таъмири роҳҳо, ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёти ҷамоатӣ муроҷиат мекунанд.
Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар Му¬роҷиатнома ба Олий Маҷлис муаммои камбағалиро ба забон оварданд. Мо бояд дар бораи роҳи ҳалли ин муаммо бештар фикр кунем. Ҳоло баъзе шаҳрван¬дон бо андешаи «маро давлат бояд таъмин кунад» умр ба сар мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷаҳон¬бинии онҳо таъсир расонда, назарашонро тағйир диҳем. Онҳоро ба корҳое, ки аз ӯҳдааш мебароянд, ҷалб намоем, ба соҳаи соҳибкорӣ равона созем, аз бонкҳо кредитҳо гирифта дода, баҳри беҳсозии сатҳи зиндагонияшон саҳм гузорем. Инчунин, бо мақсади ба касбу ҳунар омӯзонидани зану духтарон дар маҳаллаҳо ҷойҳои корӣ ташкил кунем. Танҳо дар чунин ҳол рӯзгори мардуми мо беҳтар мешавад ва худи онҳо барои таъмини зиндагӣ мекӯшанд.
– Соли гузашта дар ноҳияи Самарқанд доир ба ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ, татбиқи ло¬иҳаҳои бузург, ташкили ҷойҳои нави корӣ чӣ гуна чорабиниҳо иҷро шуданд? Дар соли 2020 дар ин самт чӣ нақшаҳо доред?

– Президенти мамлакат ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолон дар доираи ташриф ба вилояти Самарқанд таъкид карда буданд, ки тӯли солҳои 2019-2020 дар ноҳияи Самарқанд рӯйхати манзилноки 90-то ло¬иҳаи инвеститсионии дорои арзиши 1 462, 1 млрд. сӯмина тасдиқ карда шудааст, ки қисми асосии онҳо ба соҳаҳои кишоварзӣ (60-то), соҳаи саноат (21- то) ва хизматрасонӣ (9-то) рост меоянд. Дар асоси татбиқи ин лоиҳаҳо ташкили 1361 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2019 татбиқи 68-то лоиҳаи инвеститсионии дорои арзиши 455,6 млрд. сӯмина ва дар асоси он ташкили 743-то ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда буд. То анҷоми сол мо 71-то лоиҳаи дорои арзиши 488,3 млрд. сӯминаро ба кор даровардем ва 755-то ҷойи нави корӣ ташкил кардем.
Дар ноҳия тӯли солҳои 2019-2020 амалӣ намудани 12-то лоиҳа бо ҷалби бевоситаи 44,5 млн. долларина инвеститсияи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта аз худ карда шудани 19,4 млн. долла¬рина инвеститсия дар назар буд. Субъектҳои тад¬биркории ноҳия то анҷоми сол ҳамагӣ 25,8 млн. долларина инвеститсияро аз худ карданд.
Дар соҳаи содироти маҳсулотҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ низ як қатор корҳо иҷро гардиданд.
Соли 2019 нақшаи экспортии ноҳия 49,2 млн. доллар муқаррар карда шуда буд. Дар муддати сипа¬ришуда 66-то корхонаи ноҳия 49,2 млн. долларина маҳсулотро ба содирот бароварда, нақшаи солонаро 100 фоиз иҷро карданд.
Мувофиқи ҳисобу китобҳои аввалини соли 2020 бо роҳи ҷалби бевоситаи 12 млн. долларина инвеститсияи хориҷӣ ба кор даровардани 63-то лоиҳа дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва хизматрасонӣ ва дар заминаи ин ташкил кардани 1627 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, аз тарафи субъектҳои тадбиркории ноҳия ба содирот баро¬вардани 54 млн долларина маҳсулот дар назар аст.
– Нақшаҳои Шумо дар соли 2020…
– Соли 2020 иҷрои як қатор корҳоро пеши худ мақсад гузоштем.
Якум, то 737-то зиёд кардани адади субъектҳои тиҷоратии хурди ноҳия.
Дуввум, ба 1500-то расонидани миқдори тад¬биркории тартиби якка.
Сеюм, ба 222-то субъектҳои хоҷагидорие, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, ёрии амалӣ расон¬да, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти онҳо.
Чорум, ба 6000 нафар зиёд кардани пардохтку¬нандагони андози даромаде, ки аз ашхоси ҷисмонӣ ситонида мешавад.
Дар натиҷаи таъмини иҷрои ин чорабиниҳо 20 млрд сӯм маблағҳои иловагие, ки дар ихтиёри буҷаи маҳаллӣ (нақша 90 млрд. сӯм) пурра ҷалб карда мешаванд.
– Дар инсонҳо бештар чӣ гуна хислатҳоро ме¬пазиред?
– Пеш аз ҳама ҳалолкорӣ ва меҳнатдӯстиро. Ғайр аз ин, ҳар як инсон бояд методи корӣ ва қатъият дошта бошад.
– Таманниёти Шумо…
– Пеш аз ҳама аз номи аҳли ноҳия, ҷамоаи «Ово¬зи Самарқанд»-ро бо 30-юмин солгарди таъсиси рӯз¬нома табрик мекунам. Мардуми ноҳияи Самарқанд вохӯрӣ ва ҳамкориҳоро бо сармуҳаррирони собиқи рӯзнома Н. Остонақулов, Ғ. Маҳмудов, О. Хидиров бо мамнуният ба ёд меоранд ва қобили зикр аст, ки аксарияти муштариёни рӯзнома сокинони ноҳияи Самарқанд мебошанд. Мехоҳам, ҷамоаи рӯзнома бо сарварии муҳаррир Б. Раҳмонов боз тӯли солҳо барои мардум хизмат кунанд ва «Овози Самарқанд» ба овози дили мардум табдил ёбад.


Мусоҳиб Ф.ЮЛДОШЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ