Писари президенти аввалин дар Маскав ногаҳон вафот кард

Писари президенти аввалин дар Маскав ногаҳон вафот кард

  • Post category:Ҷаҳон

Дирӯз, 5-уми феврал писари президенти якуми Қирғизистон Айдар Акаев дар Маскав вафот кард. Дар ин бора 24.кг хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумотҳои нахуст, Айдар Акаев 44-сола якбора ба сактаи дил гирифтор шуд. Табибон ӯро наҷот надоданд.
Барои маълумот, Акаев, ки аз инқилоб дар соли 2005 ронда шуда буд, чаҳор фарзанд дорад: Бермет, Айдар, Саадат ва Илим.

Вақте, ки оилаи Акаевҳо ба Маскав рафтанд, Айдар ба тиҷорат шурӯъ кард. Айдар бо Сайкал, намояндаи оилаи машҳури Чокубаевҳо, ки дар соҳаи филмбардорӣ машғул аст, издивоҷ мекунад. Онҳо ду фарзанд доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ