Сессияи дуюми Шӯрои вилоят

Сессияи дуюми Шӯрои вилоят

  • Post category:Асосӣ

Сессияи дуюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба он ҳокими вилоят, раиси Шӯро Э.Турдимов сарварӣ кард.
Дар он аввал ҳисоботи намояндаи минтақавии вакили Олий Маҷлис роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон дар бораи корҳое, ки дар соли 2019 амалӣ кардааст, шунида шуд.
Сипас ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ.Ӯроқов дар бораи рафти иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 16-уми ноябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагии таъмини кафолати ҳуқуқҳои шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ ба мулк ва такмил додани тартиби гирифтани қитъаҳои замину додани ҷубронпулӣ таҳти рақами 911-ум дар вилоят ахбор дод. Дар сессияи инчунин нақшаи кори Шӯрои вилояту комиссияҳои доимии он ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор ёфтанд. Тафсилоти онро метавонед дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» хонед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ