Футбол – бозии миллионҳо ва…

Футбол – бозии миллионҳо ва…

  • Post category:Варзиш

Варзиш ба пойдории саломативу дарозумрии одам мусоидат мекунад. Одам ба кадом намуди варзиш машғул нашавад, фоида дорад. Ҳузуру ҳаловати тамошои бозии варзишгарон ҳам беҳаду ҳудуд аст.
Мувофиқи маълумоти шабакаи Worldatlas.com дӯстдорони тамошои футбол 4 миллиард нафарро ташкил мекарданд. Дар ҷойи дуюм тамошои бозии крикет (2,5 миллиард нафар) қарор доштааст. Дӯстдорони бозии чавгонбозӣ дар рӯйи алаф аз 2 миллиард бештар будаанд. Баъди инҳо бозиҳои теннис, волейбол ва тенниси рӯйимизӣ меистодаанд.
Дар даҳгонаи ҳаводорони бозӣ голф дар ҷойи охирин будааст. Тамошои онро 450 миллион нафар одамон дӯст медоштааст.
Таҳияи Б.ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ