Ба 266 нафар ҷавонон сертификатҳои махсус супурда шуд

Ба 266 нафар ҷавонон сертификатҳои махсус супурда шуд

Дар Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд ва филиали Донишгоҳи технологияҳои ахбории Тошканд дар Самарқанд аз тарафи филиали Маркази ҷумҳуриявии бозомӯзии асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят барои ҷавонони номуттаҳид, аҳолии бекори маҳаллаҳо курсҳои хонишии бепул дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ гузаронида мешавад.
Дар машғулотҳо ба 115 нафар шунавандагоне, ки ба тадбиркорӣ шавқ доранд, дар бораи оғоз намудани фаъолияти озоди соҳибкорӣ, таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, шарт ва тартиби гирифтани кредит, инчунин, имтиёзот барои соҳибкорон маълумот дода шуд. Дар анҷоми курсҳои ҳафтаина ба шунавандагон сертификатҳо супурда шуд.
– Соли гузашта аз тарафи маркази мо мувофиқи Барномаи “Ҷавонон – ояндаи мо” дар боргоҳҳои таълими олӣ нӯҳ маротиба курсҳои хонишӣ ташкил карда шуд, — иброз дошт сарвари филиали Маркази ҷумҳуриявии бозомӯзии асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят Нодир Бобокалонов. – Дар курсҳо ҷамъ 338 нафар шунавандагон иштирок карда, ба 266 нафари онҳо сертификатҳои махсус супурда шуд. аз онҳо 54 нафар фаъолияти соҳибкории худро сар карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ