Бо ташаббуси ҳокими ноҳия боз 500 адад рӯзнома бепул ба муштариён дастрас карда мешавад

Бо ташаббуси ҳокими ноҳия боз 500 адад рӯзнома бепул ба муштариён дастрас карда мешавад

Рӯзи 5-уми феравли соли ҷорӣ бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ба муносибати Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ дар толори Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12-и ноҳия зери шиори “Рӯзнома – тарғибгари маърифат” тадбири маънавиву маърифатӣ баргузор гардид.
Тадбирро муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” Нормурод Каримзода ифтитоҳ бахшид.
Сипас, риштаи сухан ба ҳокими ноҳия Носир Мавлонов дода шуд.

  • Имрӯз дар мамлакат оиди ривоҷдиҳии воситаҳои ахбори оммавӣ ислоҳотҳои васеъмиқёс амалӣ мегардад, — гуфт ҳокими ноҳия. – Барои ба омма расонидани корҳое, ки баҳри ояндаи дурахшони халқамон иҷро мегардад, инчунин, тарғиби дӯстии байни миллатҳо баробари дигар нашрияҳои вилоят, рӯзномаи “Овози Самарқанд” низ ҳиссаи муносиби худро мегузорад. Инак сӣ сол аст, ки ин рӯзнома бо эҷодкорони нуктадону нуктасанҷ ва соҳибқаламаш чун дардкашу дардошнои халқ фаъолият мебарад. Боварии комил дорам, ки “Овози Самарқанд” боз солҳои дароз барои рушди ҷамъият ва некӯҳолии халқи мо хизмат мекунад.
    Ҳокими ноҳия дар баромади худ ҷамоа ва дӯстдорони рӯзномаро бо ҷашни 30 – солагӣ табрик намуда, ваъда дод, ки боз 500 адад обунаи иловагӣ ташкил мекунад ва ба муштариёну дӯстдорони рӯзнома бепул тақсим мекунад.
  • Сипас, шоир Салим Кенҷа, собиқадори меҳнат Насриддин Саъдуллоев, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, мухбири рӯзномаи ҷумҳуриятии “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон роҷеъ ба ислоҳотҳое, ки дар мамлакат бобати пеш бурдани соҳаи матбуот амалӣ мегардад, инчунин, пурзӯр гардидани эътибор ба нашрияҳои чопӣ, аҳамияти рӯзномаву маҷаллаҳо дар боло бардоштани сатҳи дониши сиёсиву маънавии аҳли ҷомеа ҳарф заданд.
  • – Ташкил кардани ин гуна вохӯриву ҷамъомадҳо амали Соли рушди илм, маърифат ва иқтисоди рақамӣ мебошад. Инчунин, рӯзнома тарғибгари маърифат мебошад. Мо инро дар мавзӯву мундариҷаи рӯзномаҳои имрӯза мушоҳида карданамон мункин аст, — гуфт сармуҳаррири рӯзномаи Баҳодур Раҳмонов. – Барои чунин иқдом ба ҳокимияти ноҳия миннатдории худро изҳор мекунем.
  • Дар қисми бадеии тадбир баромади санъаткорони хушовоз Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистону Тоҷикистон Мардон Мавлонов, ҳунарпешаи бомаҳорат Иноятилло Раҳмонов донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд, инчунин, хонандагони мактаби миёнаи рақами 62-и шаҳри Самарқанд дили ҳозиронро болида сохт.
    Дар хотима ба онҳое, ки бо рӯзнома ҳамкории мустаҳкам доранду баҳри зиёд намудани адади он ҷонбозиҳо нишон медиҳанд, ҷоизаи “Овози Самарқанд” — “Эътибор, эътироф, эҳтиром” ва тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ