Қабули сайёр: “Тахтаи хонишии универсалӣ” оммавӣ мегардад

Қабули сайёр: “Тахтаи хонишии универсалӣ” оммавӣ мегардад

  • Post category:Асосӣ

Чи хеле ки хабар дода будем, дар қабулҳои сайёре, ки ҳокими вилоят дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад, на танҳо мардуми шаҳр балки аз ҳудудҳои дурдасти вилоят низ муроҷиатҳо шуда истодааст
“Муаллими тоифаи олии фанни математика мебошам, — гуфт Қобил Мусаеви қӯшработӣ. – Барои хонандагон “Тахтаи хонишии универсалӣ” офаридам. Якчанд маротиба дар озмуну намоишгоҳҳои ҷумҳуриятӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои баланд расидаам. То соли 2008 қариб 200 адад чунин тахтаҳо ба мактабҳо оммавӣ гардид. Солҳои охир бошад ба ин эътибор суст шуд.
Ҳоким аз рӯйи муроҷиат, афзалиятҳои тахтаи хониширо бодиққат гӯш карда, мутасаддиёнро вазифадор намуд, ки барои дар миқёси мактабҳои ҷумҳурият оммавӣ кардани тахтаи хонишӣ чораву тадбирҳои заруриро андешанд.
Инчунин, таъкид гардид, ки дар навбати аввал барои мактабҳои таълими умумии давлатии ихтисосонидашудаи вилоят ба 50 то тахтаи хонишӣ фармоиш дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ