“Навоихонӣ” дар музей

“Навоихонӣ” дар музей

  • Post category:Фарҳанг

Дар Музейи Алишер Навоӣ бахшида ба Рӯзи таваллуди шоир ва мутафаккир Мир Алишер Навоӣ дарси кушоди муаллимони забони модарӣ ва адабиёти мактаби таълими умумии рақами 9-и шаҳри Самарқанд ташкил карда шуд.
Дар он вакилони Садорати таълими халқи вилоят, муаллимону хонандагони мактаб ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Сараввал, хонандагон бо нигораҳои музей, инчунин, осори Алишер Навоӣ ошно гаштанд. Бо роҳбарии муаллимони фанни забони модарӣ ва адабиёт М. Асадова ва Н. Иброҳимова намоишҳои саҳнавӣ гузошта, аз эҷодиёти Алишер Навоӣ ғазалҳо қироат намуданд.

  • Ҳар сол дар моҳи феврал ташкил кардани Навоихониву Бобурхонӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар музейи Навоӣ гузаронидани дарсҳои кушоди ноанъанавии фанни адабиёт бошад, барои боз ҳам шавқовару босифат ташкил шудани дарс, инчунин, хубтар омӯхтани осори шоир аҳамиятнок аст, — гуфт методисти фанни забони модарӣ ва адабиёти Садорати таълими халқӣ вилоят Дилором Абдураҳмонова. – Баромадҳои хонандагон ва шавқу завқи онҳоро нисбати эҷодиёти шоир мушоҳида намуда, амин гаштам, ки ба тарзи ноанъанавӣ гузаронидани дарсҳои кушод ба боз ҳам хубтар дарсазхудкунии хонандагон хизмат мекунад.
    Алалхусус, иҷрои монологи “Гулӣ ва Навоӣ” ва баромади хонандагон Нозима Баҳромова, Фарангиз Холмирзоева, Лазиз Акрамов писанди ҳамагон гардид.
    Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ