Девони ҳаводорони оққӯюнӣ   ё худ боз як китоб аз нашр баромад

Девони ҳаводорони оққӯюнӣ ё худ боз як китоб аз нашр баромад

  • Post category:Маориф

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бахшида ба 579 — солагии Алишер Навоӣ бо ҳамкории Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”, Гвардияи милии Ӯзбкистон ва ДДС дар мавзӯи “Эътирофи шарқонаи шеърияти Алишер Навоӣ дар замони зиндагии шоир” анҷумани илмиву амалӣ ва тақдимоти китоби “Оққӯюнли мухлислар девони”, ки нашриёт-матбааи “Шарқ” чоп намудааст, баргузор гардид.
Дар он олимони навоишинос, муаллимон ва донишҷӯёни донишгоҳ, вакилони ҷамоатӣ ва ходимони воситаҳои ахбори умум иштирок карданд.


Ба сухан баромадагон дар бораи ҳиссаи беназири мутафаккири бузург дар адабиёти Шарқ, тадқиқоте, ки бобати омӯзиши ашъори шоир бурда мешавад ва бозёфтҳои илмӣ ҳарф заданд. Декани факултети филологияи донишгоҳ, профессор Ҷ.Элтазаров дар мавзӯи “Эътирофи байналхалқии эҷодиёти Навоӣ”, роҳбари девони Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”-и Ӯзбекситон А.Солиев, доктори фанҳои филологӣ, профессор М.Муҳиддинов дар мавзӯи “Алишери Навоӣ ва муҳити адабии даври Оққӯюнҳо”, доктори фанҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои Шарқи ДДС А.Эркинов дар мавзӯи “Дарёфти “Оққӯюнли мухлислар девони”” (Девони ҳаводорони Оққӯюнӣ) баромад карданд.
Дар анҷуман донишҷӯён аз ашъори шоир намунаҳо қироат карданд.
Як қатор толибилмони фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилотчиёни тадбир сарфароз гардиданд.

Нусхаи дастнависи ин девон соли 1471 дар салтанати Оққӯюнҳо (1378-15020) нусхабардорӣ шуда, ҳоло дар китобхонаи миллии Миср маҳфуз аст. Сулолаи Оққӯюнҳо, ки дар сарҳади қисми шарқии Туркияи ҳозира, Арманистон, Озарбойҷон, Ироқи шимолӣ ва Эрон ҳукмронӣ кардаанд, бо Темуриён робитаи мустаҳкам доштанд. Девони мазкур аз ҷониби ҳаводорони осори Навоӣ дар ҳудуди салтанати оққӯюнҳо нусхабардорӣ шуда, ба таври шартӣ “Оққӯюнли мухлислар девони” номгузорӣ гардидааст.
Ба “Девони ҳаводорони оққӯюнӣ” шеърҳои то 30-солагии Навоӣ дохил карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ