Автобусҳои Тошканд — Омск ба роҳ монда шуд

Автобусҳои Тошканд — Омск ба роҳ монда шуд

Хидматрасонии мунтазами автобусҳо дар роҳи Тошканд-Омск аз 15-уми феврал оғоз меёбад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон.
Автобусҳо тавассути Хадамоти Uzautotrans ҳафтае ду маротиба дар рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд. Нархи чипта 450 ҳазор сӯм аст.

Автобусҳо бояд масофаи байни шаҳрҳо 2200 км-ро дар тӯли 32 соат фаро гирад.
Бори нахуст 15-уми феврал, соати 18:00 аз истгоҳи автобусҳои Тошканд ҳаракат мекунад.

Ҳаракати мусофирон аз ҷониби ягона ширкат суғурта карда мешавад.

Дар охири соли 2018 аввалин хатсайрҳои автобус ба шаҳрҳои Русия аз Тошканд: ба Нижний Новгород ва Қазон кушода шуданд. Моҳи декабри соли 2019 ҳаракат ба Маскав оғоз ёфт.
Манба:
Газета.уз

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ