Ватан – илҳомдиҳандаи диловарӣ ва ҷасорат

Ватан – илҳомдиҳандаи диловарӣ ва ҷасорат

  • Post category:Фарҳанг

Ҷаъфар ҶАББОРӢ, раиси иттиҳодияи сарбозони мустаъфӣ ва байналмилалии «Сиёвуш»
Имрӯз 8-уми феврал дар базмгоҳи «Марҷона»-и шаҳраки Гулобод 60-солагии марди шариф, падари бузургвор, бобоҷони дуогӯй, сарбози байналмилал, полковники мустаъфӣ, фарзанди фарзонаи Самарқанд Илҳомҷон Ваҳобов тантанавор ҷашн гирифта мешавад.
Нақли мо дар бораи соҳибҷашн муште аз хирвори ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ин марди некном асту бас.
СОЛЕКИНАКӮСТ…

Илҳомҷон Ваҳобов дар мактаби рақами 41-уми зодгоҳаш деҳаи Талибарзу таҳсил мегирифт ва пайваста бо варзиш машғул мегашт. Дар мусобиқаҳои гӯштингирӣ ҷой¬ҳои фахрӣ насибаш шуда, аз комёбиҳои ӯ на танҳо мураббиён, инчунин волидай¬ну маъмурияти мактаб меболиданду ме¬фахриданд. Мутолиаи китобҳои бадеиро аз ҷону дил дӯст медошт. Бештар доир ба каш-шофон, ҷасорати бебоконаи онҳо асарҳои аҷибу шавқангезро мехонд, кино медид. Шояд он солҳо орзу мекард, ки соҳиби ин касб гардад. Аммо падари бузургвораш Абдунаимамак мехост, ки писари калонӣ ҳуқуқшинос шавад.
Илҳомҷон пас аз ба даст гирифтани номаи камол рахти сафар баст ва ба шаҳри Тошканд омад. Ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳ ҳуҷҷат супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт, вале барои ба донишҷӯй қабул кардан ҳамагӣ чанд хол нарасид. Ҳарчанд орзуи падараш амалӣ на¬гашт, фикри пешаи ҳарбӣ шудан ӯро ором нагузошт. Вай як сол дар собиқ хоҷагии ҷамоатии ба номи Максим Горкий ҳамчун деҳқони оддӣ кор кард. Ин дафъа бахти худро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд санҷид. Аз имтиҳонҳо гузашту донишҷӯйи факултаи филологияи рус гардид. Ғайр аз таҳсил пайваста бо варзиш машғул шуд ва дар корҳои ҷамоатии донишгоҳ фаъол гардид. Дар арафаи гирифтани дипломи мактаби олӣ ӯро ба идораи бехатарии дав¬латӣ даъват намуданд.
Баъд Илҳомҷон бо роҳхат ба пойтах¬ти Белоруссия – шаҳри Минск рафта, дар мактаби махсуси тайёрӣ таҷриба зиёд мекунад.
Курси кӯтоҳмуддат зинаи аввали омӯ¬зиш, эҳёи хислатҳои пуртоқатӣ, интизом¬нокӣ, қатъият ва сайқал додани маҳорати ҷанги тан ба тан, аз худ кардани маҳора¬ти «забон»-и ҳарбӣ будааст. Чӣ ҷойи руст кардан аст, вай душворӣ мекашид, аммо муаллимони сахтгир, вале дилсӯз ба дилу дидаи шогирд роҳ ёфта, ҷидду ҷаҳди ӯро бо суханҳои ситоиш рӯҳбаланд менаму-данд.
Илҳомҷон бо тавсифномаи олӣ боз ба Самарқанд омад. Дере нагузашту сӯи Москва рахти сафар баст. Афсари ҷавони чорпаҳлӯ, тануманд ва обутобёфтаро дар идораи кумитаи бехатарии собиқ иттиҳо¬ди шӯравӣ хуш пазируфтанд. Сӯҳбат бо ӯ кӯтоҳ ва қатъӣ ба поён расид.
– Шумо бояд бо супориш ба Эрон ме¬рафтед, – гуфт шахси масъул, ки рутбаи генералро дошт. – Аммо қарорамон тағйир ёфт. Ба Афғонистон меравед.
– Бехатарӣ чӣ хел? – ҳайрон шуд Илҳомҷон. – Ду нафар кӯдак ва ҳамсар дорам. Сонӣ, додарам дар Афғонистон.
– Шумо узви ташкилоти ҷавонон, – лаб¬ханд зад он шахс, – ҳуқуқи вайрон кардани талаби ҳизб ва Ватанро надоред. Фаҳмо?! Илҳомҷон ба гирдоби андеша фурӯ рафт. Аз як тараф бо амри тақдир ятим мондани фарзандонашро фикр мекарду аз тарафи дуюм бо додараш Бахтиёрҷон дида ба ди¬дор расиданашро пеши назар меовард.
– Пас аз се рӯз аз Тошканд сӯи Кобул парвоз мекунед, – гуфтани соҳибхона ӯро ба худ овард, – Худо ёратон бод!
ҶОНДАРКАФИДАСТ

Тайёраи нуқрабол омодаи парвоз шуда, аввало аз шиддати ҳаракати мутарҳо лар¬зид, сипас хеле тохт ва якбора сӯи осмони ситоразор қанот зад. Дохили он ҳама ҳар¬биён даст ба омин бардошта ба якдигар сафари бехатар талабиданд. Стюардессаи хушсимо ва хушсару либоси қоматбаланд табассуми ширини худро ҳадякунон аз му¬софирон мепурсид, ки парвоз чӣ хел аст?!
Ҳозирон, ки ғарқи хаёлотҳои мубҳам буданд, «нағз» мегуфтанду халос.
Ҳавопаймо дар тайёрагоҳи Кобул ни¬шаст. Мусофирон борхалта дар китф берун омаданд. Ҳаво сард буд, ки шамоли сахт ба кас намефорид. Рӯзи дигар меҳмонон ду-се нафарӣ аз хоначаҳои махсуси сабук¬сохт, ки дар як гӯшаи тайёрагоҳ буд ҷой гирифтанд. Онҳо мебоист рӯзи дигар ба минтақаҳои муайяншуда парвоз намоянд, аммо «харидорон» наомаданд. Посе аз шаб гузашта буд. Кобул шоми зебо ва дилнавозе доштааст. Дар осмони беғубори он моҳи ҳилол чун камони абрӯи дӯшиза ба чашм мехӯрд. Илҳомҷон аз тирезача ба он мени¬гаристу вохӯрии худро бо додараш пеши назар меовард. Нохост аз самти шимол чунон таркиши шадиде ба амал омад, ки пайкари замин ва заминиён ларзид. Дафъ¬аи дигар чизе ба боми хонаи онҳо расида, Илҳомҷон аз шиддати он бо кати хоб ба фарши хона афтод. Дару тиреза ва деворҳои чӯбини ҳуҷра лахт-лахт шикастанд. Тар¬киш чун балои осмонӣ ҳамаро ба по хезонд. Вақте, ки чанд нафар омаданд, шоҳиди он шуданд, ки ду нафар ҳамхонаи Илҳомҷон ҷоми шаҳидӣ чашида, пешонӣ ва дасти ӯ каме лат хӯрдааст.
Тақдири сахт ва пешонаи шӯрро би¬нанд, ки яке аз шаҳидон пас аз адои хиз¬мат рӯзи дигар мебоист ба Тошканд, сипас вилояти Маскав парвоз намояд. Ҳоло ӯ аз таркиши гулӯла ишкамаш дукафон шуда рӯда ва меъдааш парешон буд. Китобе, ки дар даст дошт, олудаи хуни гарм буд.
Илҳомҷон аз рӯйи тақсимот мебоист ба нуқтаи ниҳоят «гарм» – Қандаҳор ва баъд лашкаргоҳ равад. Аммо ҳамон нақлиёт на-буд. Пас аз ду рӯз самолёти «АН 2» омад, ки ба ҳамон самт парвоз мекард.
– Ман бо шумоён меравам, – гуфт ӯ ба командири «киштӣ», – дигар тоқати ин ҷо нишастан надорам.
– Барои шумо парашют надорем, фаҳ¬монд командир, – агар дар осмон воқеаи нохуш рух диҳад, ба сиҳат мондани шумо кафолат нест.
– Аз пешонаам, – якравӣ кард Илҳомҷон. – Илтимос, не нагӯед. Дар ин ҷо хок леси¬дан ба дилам зад. Ана ҳуҷҷат.
Командир китф дар ҳам кашид ва сӯи дарича ишорат намуд.
Сарбози самарқандӣ гӯё аз осмон чал¬пак борида бошад, аз муроди дил ҳосил шудан хурсанд гардида аз шафати ҷавони резапайкари хурдҷусса ҷой гирифт. Тайёра чароғашро фурӯзон накарда парвоз мена¬муд, то ҳадафи душманон нагардад. Вале пас аз чанд дақиқа лампаи сабзи дохили он ба сурх табдил ёфт, ки аломати тайёрӣ ба ҷаҳиш будааст. Ҳозирон ҳама парашю¬ти худро омодаи истифдабарӣ намуданд. Командир назди дар омад, ки мабодо ҳа¬вопаймо аз тири дайду оташ гирад, баъди боз намудани он ҳама аз он худро ба замин партоянд. Ин ҳолатро дида, Илҳомҷон ба¬тамом моту мабҳут шуд, мӯйҳои сараш якбора рост гардиданд, вуҷудаш ба ларза даромад, панҷаҳояш беихтиёр гиреҳ шу¬данд. Пичирросзанон калимаашро гардонд. Сипас, ба ҳамшафаташ гуфт, ки дар ноома¬ди кор ҳамроҳ зери як парашют худро ба замин мепартоянд. Он ҷавон ало-ало сӯяш нигаристу ҷояшро иваз намуд.
Хушбахтона, боз чароғи хиратоби сабз фурӯзон гашт. Вай оҳи сабук кашид.
ДИДОРБАҚИЁМАТ МОНД

Илҳомҷон пас аз рухсатӣ боз ба қисми ҳарбӣ омад. Вай дар тӯли хизмат дар бисёр амалиётҳои пурхатар ширкат варзид. Худои меҳрубон ӯро ба паноҳи худ нигоҳ медошт. Аз Маскав фармон расид, ки дар сарҳади Покистон ҷосусони амрикоӣ ба амалиёти калони ҳарбӣ пухта тайёрӣ мебинанд ва онҳоро пароканда кардан лозим. Даста ба роҳ баромад. Гурӯҳ ба сарҳади Покистон наздик шуда буд, ки алоқачӣ коғазеро ба командир дод. Он фасли гулрезу рӯҳафзои баҳорӣ, ки ҷӯйборҳо пуроб, сабзаҳо шодоб, абр гурезону хуршеди оламгир ҳукмрон буд ва чаҳ-чаҳи булбулон ба гӯш мерасид. Илҳомҷон аз табиати дилкушо лаззат мебурд. Командир ба радиограмма зеҳн монду симояш якбора тағйир ёфт. Вай ба атрофиёнаш пичирросзанон чизе гуфт. Ҳо¬зирон бо афсӯс сар ҷунбонда сӯи Илҳомҷон нигаристанд, ки вай дар ҳайрат монд ва назди онҳо омад.
– Илҳомҷон, додари ҳамсангари ман, – гӯён командир ӯро ба оғӯш кашид. – Ту мардона бош. Ҳозир хати нохуш расид. Додарат дар атрофи шаҳри Бағлон шаҳид шудааст. Ҳамдардии моро қабул кун.
Ӯро гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш ҳайкал шуд. Чӣ гуфтан ва чӣ кор кардан¬ро намедонист. Ҳамяроқон як-як омада ҳамдардӣ мекарданду ба сӯе гузашта, бо чашмони пурмаҳзун сӯяш менигаристанд. Командир фармон дод, ки ӯро ду нафар то қисми ҳарбӣ роҳбаладӣ намоянд. Илҳомҷо¬ни мусибатзада аз фармондеҳ илтимос на¬муд, ки ба Бағлон рафтан иҷозат диҳад. Амри ӯ иҷро шуд, вале аллакай ҷасади шаҳидро ба Самарқанд ҳамчун «Груз 200» ирсол намуда будаанд. Фақат баъди се рӯз додари шаҳид ба зодгоҳ омад.
Пас аз худоӣ, ки шаҳид падару модар, хоҳарону додарон, наздикону пайвандон бо чашмони ашколуду мӯйҳои парешон, наҳваю шеван кашида, турбати сарбози байналмилалро ба хок супорида, интизори ӯ буданд, вайро дида, аламу ғамашон тоза гашт. Ҳавлӣ гӯё аз доду фиғон метаркид. Илҳомҷон аз ғаму мусибат чӣ тавр даҳ рӯз гузаштанашро нафаҳмида монд. Вақте ки ӯ рахти сафар мебаст, алалхусус модари муқаддасу кӯдакони аз кори олам бехабар ба гардани ӯ ҳамел шуда, иҷозати рафтан намедоданд. Сарвари оила онҳоро таски¬ни дил дод ва гуфт, ки писараш то охири мӯҳлат хизмат хоҳад кард. Зеро амри ватан ҳамин аст.
Воқеан, вай бо ҳамроҳи генерал Громов дар амалиёти аз хоки Афғонистон баровар¬дани то охирин сарбози шӯравӣ ширкат варзида, ба бехатарии онҳо саҳм гузошт.
Илҳомҷон Ваҳобов пас аз адои қарзи ҷавонмардӣ дар ҳокимияти ноҳияи Са¬марқанд ва солҳои охир ҳамчун сардори шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳия хиз¬мати шоиста кард.
Албатта, дар ҷашни камолоти 60-сола¬гии ӯ мавҷи табрику таҳният бисёр хоҳад шуд. Мо низ аз имконият истифода бур¬да, Илҳомҷон Ваҳобовро бо зодрӯз табрик мегӯем ва тамоми хушиҳои зиндагиро та¬манно дорем!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, журналист.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ