Дар як шабонарӯзи охир аз коронавирус 97 нафар вафот карданд

Дар як шабонарӯзи охир аз коронавирус 97 нафар вафот карданд
  • Post category:Ҷаҳон

То имрӯз коронавирус ҷони 908 нафарро гирифта, ба беш аз 40 171 нафари дигар сироят кардааст. Хабар медиҳад вазорати тандурустии Хитой.
Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯзи охир аз коронавирус 3062 нафар сироят ёфтаву 97 нафари дигар ҷони худро аз даст доданд. Аз шумораи фавтидагон 91 нафар дар Вуҳан мебошанд.
Дар беморхонаҳои Хитой бо гумони сироятёбӣ 36 ҳазор нафар табобат гирифта истодаанд, ки аз ин шумора 6,5 ҳазорашон ҳолати вазнин доранд.
Тибқи оморҳо дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон 187,5 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаву 3,3 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ