Коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои омӯхтани коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо он ба Хитой рафтанд

Коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои омӯхтани коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо он ба Хитой рафтанд

  • Post category:Ҷаҳон

Директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейесус гуфтааст, ки гуруҳи коршиносони варзидаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) барои омӯхтани вазъияти дар натиҷаи коронавирус пайдошуда ба Хитой рафтанд.
Гуфта мешавад, ки ТУТ охири моҳи январ эълон намуд, ки ба наздикӣ коршиносони байналмилалӣ ба Хитой рафта, ба олимони чинӣ дар омӯхтани коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо он кумак менамоянд.
«Ман худи ҳозир дар фурудгоҳ будам ва аъзои гурӯҳи пешбари ҳайати байналмилалии коршиносони ТУТ оид ба вазъияти баамаломада дар робита ба коронавируси 2019nCov –ро ба Хитой гусел намудам»,- менависад директори генералии ташкилот дар «Twitter».
pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ