Депутати палатаи Қонунгузорӣ дар мактабҳои ноҳияи Пайариқ вохӯрӣ гузаронд

Депутати палатаи Қонунгузорӣ дар мактабҳои ноҳияи Пайариқ вохӯрӣ гузаронд

Депутати Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлис Абдулло Аслонов аз аҳволи оилаҳои камбизоат ва шахсони ногироидоштаи маҳаллаҳои Оқмасҷид, Кулба ва Навбаҳори ноҳияи Самарқанд хабар гирифт.
Аз ҷумла, шароити зиндагонии сокини маҳаллаи Оқмасҷид Ҳасан Раҳимовро, ки барои ба хориҷа рафтан кӯмак пурсида буд, омӯхт. Ҳасан Раҳимов ҳоло бекор нест. Ӯ дар самбӯсахона кор карда, рӯзе то 100 ҳазор сӯм меёбад. Ғайр аз ин, барои дарёфти даромади иловагӣ 6 хол замин дорад.
Депутат ба Ҳасан Раҳимов фаҳмонд, ки ба кишвари хориҷӣ нарфата, дар манзили зист низ даромади зиёд ба даст овардан мумкин аст. Дар бораи истифодаи пурсамари замин, ташкил кардани гармхона маслиҳат дода, бобати гирифтани кредит ёрӣ расониданро таъкид кард.
Аҳволи иҷтимоии сокинони маҳаллаи Кулба Маъруф Ҳотамов, Соҳиб Ҳотамов, истиқоматкунандаи маҳаллаи Навбаҳор Нигора Мустафоева, ногирои гурӯҳи якум Қудратой Абулхайирова омӯхта шуда, ба онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда шуд.

  • 4 хоҷагӣ дар як хонадон зиндагӣ мекунем, — гуфт Нигора Мустафоева. – Дар айни ҳол ба нафақа барои бачагон эҳтиёҷ дорам. Аз рӯйи ин масъала ба А.Аслонов муроҷиат кардам. Ба ман гуфтанд, ки дар якҷоягӣ бо маҳалла ҳалли онро меёбанд.

Инчунин, депутат ба мактабҳои таълими умумии 35 ва 50-уми деҳаҳои дурдасти Ғаллакор ва Накурти ноҳияи Пайариқ рафта, бо ҷавонон вохӯрд.
Дар сӯҳбат ба донишомӯзон роҷеъ ба мазмуну моҳияти Муроҷиатномаи Президенти мамлакат ба Олий Маҷлис, масъалаҳои дастгирии ҷавонон дар ин паём маълумот дод.
Дар рафти вохӯрӣ хонандагон бо саволу таклифҳо муроҷиат карданд. Ба иштирокдорони фаъол китобҳои бадеӣ тӯҳфа карда шуд.
Бахтигул ҚАРШИЕВА,
котиби матбуоти Шӯрои вилоятии Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ