Дар Самарқанд бонкоматҳои фурӯши тиллову нуқра гузошта мешавад

Дар Самарқанд бонкоматҳои фурӯши тиллову нуқра гузошта мешавад

  • Post category:Иқтисод

Дар мамлакати мо насб кардани мошинҳои автоматии фурӯши тило ва нуқраро бо вазни 1,3 ва 1,5 грамм ба нақша гирифта шудааст. Ин нуқта дар лоиҳаи фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои минбаъд диверсификатсияи хадамоти сайёҳӣ» гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, ки чунин бонкоматҳо то нимаи соли 2020 дар Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Хоразм насб карда мешаванд ва то аввали соли 2021 дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ насби чунин банкоматҳо ба назар гирифта шудааст.
Дар соли равон мақомот инчунин ваъда доданд, ки системаи бақайдгирии сайёҳонро беҳтар карда, ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештаре хоҳад дод. Инчунин дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани мамлакат барои ҷалби бештари сайёҳон нуқтаҳои иҷораи планшетҳо кушода шудаанд.
Бояд гуфт, ки бонкоматҳои фурӯши тилову нуқра дар баъзе шаҳрҳои сайёҳи ба мисли Лас-Вегас насб карда шудаанд.
pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ