Чаро чемпионати Осиё оид ба футзал ба таъхир гузошта шуд?

Чаро чемпионати Осиё оид ба футзал ба таъхир гузошта шуд?

  • Post category:Ҷаҳон

Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал, ки бояд 26-уми феврал дар Ашқобод (Туркманистон) шурӯъ мегардид, ба таъхир афтода, рӯзи дақиқи баргузории он эълон нашудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, сабаби чунин тасмим дар сатҳи байнулмилалӣ авҷ гирифтани бемории коронавирус мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи чемпионат 5 дастаи беҳтарин қитъаи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва ба нақша гирифта шудааст, намояндагӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ