Отабек Умаров раҳбари Конфедератсияи ММА дар Осиёи Марказӣ таъин шуд

Отабек Умаров раҳбари Конфедератсияи ММА дар Осиёи Марказӣ таъин шуд

Нахустин қаҳрамонии муҳорибаҳои омехтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, тобистони соли 2020 дар Қазоқистон баргузор мешавад
Отабек Умаров, ки то ҳол чун сарвари Ассосиатсияи муҳорибаҳои омехта фаъолият дошт, раҳбари Конфедератсияи ММА дар Осиёи Марказӣ таъин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Конфедератсия дар ҷамъбасти нишасти матбуотии Шӯрои Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта дар шаҳри Нур-Султон ташкил гардид.
Таъиноти Отабек Умаровро ба ҳайси раҳбари Конфедератсия ҳамаи аъзоёни нишаст дастгирӣ карданд.
Дар баробари ин, дар ин нишаст қарор дар бораи баргузории нахустин қаҳрамонии ММА дар Осиёи Марказӣ қабул шуд.
Ҳамин тавр, аввалин қаҳрамонии ММА дар Осиёи Марказӣ тобистони соли 2020 дар Қазоқистон баргузор мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ