Коронавирус: шумораи фавтидагон ва беморон зиёд мешаванд

Коронавирус: шумораи фавтидагон ва беморон зиёд мешаванд

  • Post category:Ҷаҳон

Ба ҳолати имрӯз — 13-уми феврал шумораи аз коронавируси нав вафоткардагон, ки дар Хитой моҳи декабри соли гузашта пайдо шудааст, ба 1368 нафар расид. Ин нисбат ба рӯзи гузашта ба 253 нафар бисёр аст. Дар беруни Хитой танҳо 2 нафар вафот кардаанд. Шумораи дар дунё бо коронавирус бемор шудагон ба 15139 нафар зиёд шуда, ба 60310 нафар расид. 59786 нафар бемор дар Хитой қайд шуд. Боқимонда дар 27 давлати дунё аниқ гардид. 5963 нафар аз коронавирус даво ёфтаанд. Ин нишондод дирӯз 4794 нафарро ташкил мекард. Аҳволи 8243 нафар (14 дарсад) вазнин мебошад. манбаъ: Qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ