СҶТ ба коронавируси нав номи расмӣ дод

СҶТ ба коронавируси нав номи расмӣ дод

  • Post category:Ҷаҳон

Мутахассисон ба навъи нави коронавируси Чин номи COVID-2019- ро гузоштанд.
Бино ба хабари “Новости”, Тедрос Адан Гебрейесус – мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар нишасти матбуъотӣ гуфт, “Акнун мо барои коронавируси нав номи расмӣ дорем – COVID-2019. Бар асоси қоидаҳои муштараки СҶТ, Созмони ғизоиву кишоварзӣ ва Созмони байналмилалии беҳдошти ҷонварон мо бояд номеро пайдо мекардем, ки он вобаста ба номи ҷуғрофиёӣ, ҷонвар, инсон ва ҷомеъа набошад ва барои талаффуз осону вобаста ба беморӣ бошад.
Гебрейесус номи коронавирусро чунин тавзеҳ дод: СО – корона, VI – вирус ва D – беморӣ (англисӣ — desease).
Манбаъ: ТоҷикТА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ